Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и ЮНЕСКО дохил шуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастхатҳои Қалъаи Муғ, ки бо шарофати бозёфти он соли 1932 ба таҳқиқи саҳифаҳои таърихи водии Зарафшон, охирин шоҳи Панҷакенти давраи истилои арабҳо- Деваштич, кашфиёт ва омӯзиши минбаъдаи ёдгориҳои асрмиёнагии барвақтии водӣ, шаҳрдорию хоҷагидорӣ, расму русуми оиладорӣ, савдои дохилӣ, вазъи сиёсию иҷтимоӣ, барқарор намудани таърихи сиёсии Осиёи Марказии он давра ибтидо гузошта шуд, дар қатори 74 чунин дастхату ҳуҷҷатҳои нодири ҷаҳон ба Рӯйхати «Ҳофизаи ҷаҳонӣ»-и созмони ЮНЕСКО дохил гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Тавре шарқшиноси рус, яке аз муҳаққиқони матнҳои суғдӣ Олга Смирнова навиштааст, бори аввал номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда, ки мутааллиқи чоряки аввали асри 8 ҳастанд, сабт шудааст. Он ибтидои кашф ва таҳқиқи шаҳри Панҷакенти қадим гардид.
Дастхатҳои Қалъаи Муғ бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хаттӣ, ки аз ниҳодҳои созмони ЮНЕСКО ҳастанд , ба ин рӯйхат дохил карда шудаанд.
Дар ин хусус сомонаи ЮНЕСКО 17 апрели соли 2025 хабар интишор намудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент










Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






