Дипломатияи муваффақи Тоҷикистон далели ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар масири давлатдории навин мебошад

Апрель 6, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дипломатияи муваффақ пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии як давлат, қобилияти дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва кушодани уфуқҳои нав дар сиёсати хориҷӣ мебошад. Дар илмҳои сиёсӣ пешбурди дипломатияи муваффақ — ин таҳлил, баррасӣ ва бартараф намудани тамоми ҷанбаҳои мушкилоте аст, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷӣ монеа мегарданд. Аз ин рӯ, дипломатия дар муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муҳим дошта, яке аз роҳҳои пурмаҳсули гуфтушунидҳои байнидавлатӣ дар иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва ҳалли мушкилот мебошад. Дастоварди асосӣ дар дипломатияи муваффақ — ин дониш, таҷриба ва кӯшишҳои ҳадафмандона барои ҳифзи манфиатҳои миллии як давлат ба шумор меравад.

— Сиёсати хориҷии ҳар давлат аз манфиатҳои миллии он вобастагӣ дорад. Манфиатҳои миллӣ яке аз мафҳумҳои калидии назарияи муносибатҳои байналхалқӣ буда, аз маҷмуи талаботи дохилӣ ва хориҷии давлат иборатанд. Ин талабот дар илмҳои сиёсӣ аз масъалаҳои истиқлолият ва тамомияти арзии як мамлакат, таъмини амнияти миллӣ, анъанаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва таърихӣ-фарҳангӣ, муносибатҳои геосиёсӣ, ки давлатро аз таҳдидҳои беруна дифоъ мекунанд, иборат мебошанд.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи муваффақи он маҳсули даврони соҳибистиқлолӣ аст. Давоми зиёда аз сӣ сол Тоҷикистон тавонист, ки сиёсати хориҷии худро ҳадафмандона ҳам дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналхалқӣ пеш барад ва ба дастовардҳо ноил гардад. Заминаи асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар матни табрикот бахшида ба 25- солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Дар ҷараёни кори иҷлосия мо ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманди тарафайн дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тарафдори таъмини ҳаёти осудаҳолона ва шоистаи ҳар сокини Тоҷикистон мебошад… Аз ин хотир, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон аҳамияти байналмилалӣ низ дорад. Санадҳое, ки дар он қабул шуданд, ҳам барои халқи тоҷик ва ҳам барои таъмини амнияти минтақа аҳамияти таърихӣ доштанд».

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он Тоҷикистон омода аст бо ҳамаи мамлакатҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории мутақобили судманд густариш диҳад».

Пешбурди муваффақонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи муваффақи он ба фаъолияти фидокоронаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт алоқамандӣ дорад. Чунки дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор доранд. Аз ин лиҳоз, дар китоби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Уфуқҳои Истиқлол» омадааст, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ нуктаи калидӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд: «… дар марҳалаи имрӯзаи таърихӣ, манфиатҳои миллии мо, пеш аз ҳама, аз ҳимоя ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он; эҷоди девори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои ҷумҳурӣ; инкишофу рушди муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳои олам дар асоси ҳамкории мутақобила; фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум…, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ; тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд; мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар давлатҳои дигар ва ғайра иборат мебошад».

Бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ муносибат бо мамлакатҳои минтақа дар авлавият қарор дошт. Ҳамкории судманд дар сиёсати хориҷии минтақа, аз ҷумлаи дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он аъзо будан дар созмонҳои гуногуни минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологӣ мебошад. Қобили гуфтан аст, ки таъсис гардидани созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай то андозае ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа мусоидат намуда, ба таъмини амнияти минтақавӣ ва барҳам додани ҳама гуна таҳдидҳо мусоидат менамоянд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳое аст, ки барои таъмини амният дар минтақа талош меварзад ва яке аз ташаббускорони мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дар минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад. Албатта, дар шароити муосир, дар ҳоле, ки таҳдид ва хатарҳо фаъол гардида, ба амният ва манфиатҳои миллии давлатҳои минтақа таъсир мерасонанд, дарёфти роҳи ҳал зарур мебошад. Аз ин рӯ, наздикшавии мамлакатҳои минтақа дар шароити муосир боиси тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мегардад, ки он метавонад таҳдиду хатарҳоро бартараф ва ҳадафҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии бозигарони минтақавиро камранг намояд. Вобаста ба ин Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 декабри соли 2018 чунин иброз намуданд: «Мо ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст».

Маҳз пешбурди дипломатияи муваффақ дар минтақа ва ҷаҳон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он водор намуд, ки масъалаҳое, ки давоми солҳои тӯлонӣ ҳамчун масоили таҳдидзо арзёбӣ мегардиданд, ҳал гарданд. Аз ҷумла, таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Узбекистон далели ин гуфтаҳо аст. Чуноне маълум аст, аз соли 2017 дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон марҳалаи нав оғоз гардид. Таҳкимёбии муносибатҳои ду ҷумҳурӣ ба он оварда расонд, ки 16 гузаргоҳи сарҳадии байни давлатҳо боз гардида, муносибатҳои нави иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар байни  давлатҳо  ба роҳ монда шуданд.

Инчунин дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи марти соли 2025 падидаи бузурге ба амал омад. Махсусан, зимни сафари Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 13 марти соли 2025 санадҳои муҳим байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расиданд, ки оид ба сарҳади давлатии ду мамлакат ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба буданд. Кушодашавии сарҳади байни ду давлат қадами бузург дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Боиси тазаккур аст, ки гурӯҳҳои корие, ки барои аз нав дида баромадан ва муайян намудани хати сарҳади ду ҷумҳурӣ ҷалб гардида буданд, бо масъулияти ҷиддӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ рисолати худро ба анҷом расониданд, ки ин дастоварди бузурги таърихии ду халқи бо ҳам дӯст — тоҷикон ва қирғизҳо мебошад. Албатта, ин падидаи беназир дар дипломатияи тоҷик ва дастоварди бузург дар давлатдории миллии мо ба шумор меравад, ки дар таърих бо хати заррин навишта мешавад, ки натиҷаи он сулҳу дӯстии пойдор, рушди иқтисодиву иҷтимоии ду мамлакати ҳамсоя хоҳад буд.

Ҳамзамон дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намудани сарварони се ҷумҳурии ҳамҷавор – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ва қабули Эъломияи Хуҷанд дар ин рӯзи таърихӣ рамзи таҳкими дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, наздикшавии мамлакатҳои минтақа дар шароити воқеияти ҷаҳони муосир аз чанд ҷанба муҳим ва саривақтӣ аст, аз он ҷумла:

1. Пеш аз ҳама, наздикшавӣ ба таҳкими дӯстии халқҳои мамлакатҳои минтақа ва амнияти минтақавӣ мусоидат менамояд. Тоҷикистон, ки ташаббускори амнияти минтақавӣ аст, масъалаи ҳамзистии халқу миллатҳо ва таҳкими дӯстиву ҳамҷавории нек аз ҷумлаи арзишҳои миллии мо мебошад.

2. Таҷрибаи чандсолаи дар фосила қарор гирифтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баъзе мамлакатҳои минтақа, на ба рушди муносибатҳо, балки ба карахтшавии он оварда расонд. Аз ин рӯ, дар шароити муосир наздикшавии муносибатҳо барои бартараф намудани ихтилофҳо, таҳкими истиқлолият ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар мамлакати минтақа созгор аст.

3. Барои рушд ва ҳамкорӣ дар минтақа зарфияти хуб ба роҳ монда шудааст, ки он аъзо будан дар созмонҳои минтақавӣ мебошад.

Дар доираи созмонҳои минтақавӣ масъалаҳои асосии амниятӣ, сиёсиву иқтисодии давлатҳо баррасӣ мегарданд, ки ин созмонҳо заминаи боэътимод барои рушди дастҷамъонаи мамлакатҳои минтақа мебошанд. Инчунин созмонҳои минтақавӣ на танҳо масъалаҳои амнияти мамлакатҳоро таҳким мебахшанд, балки ҳамчун созмонҳои ҳамкории байнидавлатӣ шинохта шудаанд.

4.Ҳамзамон бояд гуфт, ки наздикшавии давлатҳо на танҳо масъалаҳои сиёсати хориҷии минтақавиро таҳким мебахшанд, балки барои рушди масъалаҳои дохилии мамлакатҳо мусоидат хоҳанд намуд. Чунки халқҳои кишварҳои минтақа таърихан аз лиҳози иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ғайра ба ҳам наздиканд. Иқдоми бузурге, ки аз ҷониби сарварони мамлакатҳои ҳамҷавор гирифта шуд, метавонад ин ҷанбаҳоро тақвият бахшад ва барои ҳаёти осоишта ва дӯстии бардавоми халқу миллатҳои ин сарзаминҳо заминаи воқеӣ гузорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки наздикшавии мамлакатҳои ҳамҷавори минтақа ба таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат менамояд, ки дастоварди беназири дипломатияи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу амният буда, мутмаин бар он аст, ки танҳо сулҳ ва ҳамзистии осоишта барои рушди ояндаи давлат ва халқу миллатҳо мусоидат менамояд.

Мароми мо сулҳ буду ҳаст ва ба қавли шоири маъруфи сулҳсарои тоҷик устод Мирзо Турсунзода:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

 

Нусратулло ЗОКИРЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ангат раванди пиршавиро суст ва бемориҳои мавсимии вирусиро пешгирӣ менамояд
Марзҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии созанда табдил меёбанд
Сиёсати ҳамгироӣ ва фароминтақавии Пешвои миллат намунаи олии инсондӯстӣ мебошад
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон соли 2024 1,74 маротиба зиёд гардид
Барномаи савдои электронӣ дар Тоҷикистон ба баланд бардоштани малакаи рақамию молиявии аҳолӣ ва соҳибкорон равона шудааст
НИШАСТИ СОЗАНДА — БА ХОТИРИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДА. Дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд
Оё дар Тоҷикистон низоми кишти пунбадона тағйир меёбад? Шарҳи коршиносон дар ин мавзуъ
Дипломатияи сулҳ ва дидгоҳи стратегии Президенти Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад
Имрӯз аз таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сол сипарӣ мешавад
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад
Тоҷикистон дар Абузабӣ шоми бошукуҳи сармоягузорӣ доир менамояд
Сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат – заминаи стратегии густариши муносибатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон