Доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 12 апрел дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ҳамкории системаҳои миллии таълимии мамлакатҳои Иттиҳод ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар паҳнои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалии илмӣ-омӯзишӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Конфронс бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ (МФГС) баргузор шуда, дар он намояндагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ бо олимону коршиносони хориҷӣ яке аз самтҳои зарурии густариши робитаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, омӯзишу истифодаи таҷрибаи пешрафта дар рушди иқтисоди миллӣ метавонад нақши махсус гузорад. Бо истифода аз донишу таҷрибаи пешрафтаи илмии ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногуни илм ва ҳамкории муштарак бо пажуҳишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ метавон дастовардҳои илми тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад, дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ (МФГС) дар ин мавзуъ ҳамоишу мактаби илмии байналмилалӣ баргузор менамояд.
Ҳадаф аз баргузории ин иқдом табодули донишу таҷриба байни мутахассисону коршиносони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






