ДУШАНБЕ –МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ. Сокини пойтахт будан дар баробари ифтихор аз ҳар шахс масъулияти зиёд талаб мекунад

Апрель 18, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои охир симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Қомат афрохтани  биноҳои  хуштарҳи  маъмурию истиқоматӣ,  бунёди боғҳо ва дигар иншооти  фарҳангию фароғатӣ,   чаманзору гулгаштҳо  пойтахти тоҷиконро  ба яке аз шаҳрҳои  зеботарини Осиёи Марказӣ табдил дода, макони писандидаи сайёҳони хориҷӣ гардонидааст.

Бояд таъкид намуд, ки тамоми ин бунёдкорию созандагӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ мешаванд.

Мутаассифона, аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки давоми чанд соли охир бинобар истифодаи нодурусти баъзе сокинони мамлакат ва беаҳамиятии онҳо аксари иншооти сохташуда хароб гардидаанд.

Бархе аз шаҳрвандони мамлакат ба ҷои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ, баръакс  дағалрафториву беэътиноиро пеша менамоянд. Ҳатто дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт даҳлезу роҳравҳо ва атрофи биноҳои  истиқоматиро сокинони он ифлос менамоянд, ки аз диданашон табъи кас хира мегардад. Маълум аст, ки дар чунин муҳити ифлос бозӣ  намудани кӯдакон  сабаби ба ҳар гуна  бемориҳои сироятӣ  гирифтор  гардидани онҳо мешавад.

Ногуфта намонад, ки ҳар меҳмон ё сайёҳи хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд,  пеш аз ҳама,  кӯчаву хиёбонҳо,  майдону  гулгаштҳо, осорхонаҳои таърихию фарҳангӣ,  бозору мағозаҳо, ҳамчунин муносибату рафтор ва  муомилаи  сокинони пойтахтро  дидаву омӯхта,  аз рӯи он ба таъриху фарҳанги миллати   мо баҳо  медиҳад. Зеро пойтахт — оинаи давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир сокини шаҳр  бояд ҳамеша дар рафтору гуфтор  намунаи ибрат ва дорои фарҳанги воло бошад.

Дар ҳудуди пойтахт, ки дар он теъдоди зиёди мактабҳо, донишгоҳу донишкадаҳо вуҷуд доранд, бояд  соатҳои тарбиявӣ гузаронида, фарҳанги муносибати шаҳрнишинӣ ва дигар меъёрҳои ба талаботи шаҳр ҷавобгӯро омӯзонанд. Масалан, чӣ гуна рафтор намудан дар нақлиёти ҷамъиятӣ, гаштугузор дар шаҳр, муносибат дар хобгоҳу ҳуҷраҳои иҷоравиро бояд фаҳмонид.

Инчунин дар ин самт ронандагони воситаҳои нақлиётӣ низ набояд бетарафӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд қоидаҳои ҳаракати роҳро дар шаҳр риоя намуда, дар ҷойҳои пиёдагард ва дорои чароғаку аломатҳои роҳгузар ҳаракати нақлиёташонро хуб идора намоянд. Сокинон бояд тибқи тарофаҳои муқарраргардида пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ (барқ, гармидиҳӣ, алоқа, кашонидани партовҳо)-ро анҷом дода, истифодаи сарфакоронаи обу барқро риоя намоянд.

Мақомоти интизомию дахлдор бояд барои ба низом даровардани рафтори шаҳрвандон байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Зеро ҳамарӯза мо мушоҳида менамоем, ки бархе аз ҷавонону сокинони пойтахт рафтори аз доираи ахлоқ берун намуда, одитарин меъёрҳои фарҳанги шаҳрнишиниро риоя наменамоянд. Масалан, партовҳоро дар ҳар куҷое, ки хоҳанд, мепартоянд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози баланд ҳарф мезананд (махсусан бо телефонҳояшон), ҳатто нисбат ба якдигар дашному суханони қабеҳ раво мебинанд, ки боиси таассуф аст.

Дар робита ба ин сокини ноҳияи Синои пойтахт Гулрухсор Гурезова иброз дошт, ки сокини шаҳр будан ифтихору сарбаландӣ аст ва дар баробари ин масъулияти зиёд низ талаб менамояд.

«Мутаассифона, на ҳамаи сокинон одобу рафтори шаҳрнишиниро риоя менамоянд. Масалан, баъзе занони хонанишин бо баҳонаи ба ҳавои тоза баровардани кӯдакон соатҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ нишаста, бо дугонаҳои худ саргарми суҳбат мешаванд. Онҳо ба рафтору бозии кӯдаконашон тамоман диққат надода, одитарин қоидаҳои санитариро риоя наменамоянд»,-мегӯяд ӯ.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, кӯдакон аз беназоратии волидайн ва атрофиён истифода бурда,  донаҳои офтобпараст, қуттиҳои холии об ва дигар ифлосиҳоро ба замину ҷӯйборҳо мепартоянд ва боз худашон ба дохили ин ҷӯйборҳо даромада, бо ин партовҳо соатҳо бозӣ мекунанд. Ин ҳама аз як тараф, ҳусни атрофро коста намуда, аз тарафи дигар, сабаби пайдо гардидани ҳар гуна бактерияю бемориҳои сироятӣ мегардад

Ёдовар мешавем, ки бобати баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2000 «Маромномаи сокини пойтахт» қабул гардидааст, ки он хусусияти тавсиявӣ дорад. Сокинон ва меҳмонони пойтахт бояд ҳатман «Маромномаи сокини пойтахт» ва «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» -ро, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 тасдиқ гардидааст, риоя намоянд.

Қоидаҳои мазкур таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян менамоянд. Дар ин санад омадааст, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор масъулият ва уҳдадорӣ маҳсуб мешавад.

Мувофиқи нишондоди боби сеюми «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои нигаҳдошти хонаҳои истиқоматӣ, минтақаҳои атрофи бино, зидди сӯхтор, тозагии даҳлезу роҳрав, лифту панҷараи зинаҳо ва дигар ҷойҳои мавриди истифодаи умумро таъмин ва бо таҷҳизоти техникӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

Ҳамзамон тибқи он аз соати 23:00 то 06:00 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва истифодаи таҷҳизоти садотақвиятдиҳанда, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъият мегарданд, манъ аст.

Тавре мушоҳида мегардад, баъзе  сокинони пойтахт нисбат ба рафтори ношоистаи фарзандонашон,  ки аз ҷумла, ба   поймол намудани майсазор,  гулу буттаҳо,  шикастани дарахтон,   корношоям гардонидани молу ашёи ҷамъиятӣ ва ифлос намудани  атрофи биноҳои истиқоматӣ  даст мезананд,   муносибати бепарвоёна  доранд.

Вале, коршиносон иброз медоранд, ки ободу зебо гардонидани атроф ва рафтори шоиста намудан дар ҷомеа бояд аз хурдӣ дар дили ҳар фард ҷо дошта бошад. Албатта, барои он нафаре, ки дар хурдӣ аз падару модар тарбияи дуруст гирифтааст, ҳар гӯшаи Ватан азизу муқаддас буда, ҳаргиз ба ин гуна амали аз ахлоқ дур даст намезанад. Баръакс, кӯшиш менамояд, ки дар ободии ҳар гӯшаи  диёр саҳм гузорад. Аз ин рӯ падару модаронро мебояд, ки аз хурдӣ кӯдаконро тарбияи дуруст намуда, ба роҳи рост ҳидоят созанд. Шинонидани ниҳолу аз сари роҳ дур намудани хасу хошок низ сабаб мегардад, то кӯдак ҳамчун фарди ободкору созанда ба воя расад.

Ба назари онҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» он нафароне, ки чунин муносибати ношоистаро нисбат ба тозагии муҳит раво мебинанд, бояд дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда муҷозот шаванд, то барои дигарон панд гардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сол қабл, 15 феврали соли 2017 зимни вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони пойтахт иброз дошта буданд, ки «пойтахт симо ва ойинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намудани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳрдорӣ, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад».

Сокини пойтахт будан дар баробари ифтихор аз ҳар шахс  масъулияти зиёд талаб мекунад. Сайру гашт дар боғу гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳо, истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ моро водор месозад, ки ба қадри заҳматҳои кашидаи масъулон расем ва уҳдадории худро  дар тозагию озодагии ин сабзшаҳр иҷро намоем.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

Акс аз манбаъҳои боз

 

 

 

Апрель 18, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ ! Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПОЙТАХТ — СИМОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном
ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳомоти хоса дорад
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд
Нақши пойтахт дар таҳкими давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад
Душанбе оинаи миллат ва пайвандгари таърих бо ояндаи давлат аст
Бахшида ба Рӯзи пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон баргузор гардид
Озмуни «Беҳтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» баргузор мегардад