Душанбе шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ мебошад

Апрель 19, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз саҳфаҳои таърихи халқҳои ҷаҳон бармеояд, ки то имрӯз фарҳангу маданияти волои ҳар як халқу миллат аз сатҳу сифати шаҳрдориву симои пойтахти он баҳогузорӣ карда мешавад. Маҳз ана ҳамин масъулияту ифтихор, фарҳангу маданияти волои шаҳрсозӣ ва нангу номуси миллии миллати тоҷик буд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – оинаи миллатнамои кишвар, шаҳри ҷавонӣ, даргоҳи умеду ормони тоҷикону тоҷикистониён, пойтахти ҷаҳонии об, маркази ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва шаҳри дӯстию бародаршаҳрии 18 шаҳри мутамаддини ҷаҳон шинохта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни шинохти умедсаройи тоҷикони ҷаҳон, шаҳри ҷавонӣ – Душанбе чунин иброз медоранд: — «Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, онгоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».

Воқеан, ифтихор бо Душанбе ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои он ифтихори волои ватандорист, ки дӯст доштани Ватан ва дар ҳифзу гиромидошти ҳар ваҷаб хоки он сина сипар намудан, баёнгари як шахси хештаншиносу соҳибватан будани ҳар ҷавонро ифода мекунад.

Мо имрӯз ҳақ дорем, ки пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ҳамчун шаҳри ҷавонӣ унвон мебарем. Зеро, шаҳре, ки таҳти роҳбарии шаҳриёри ҷавону кордон, соҳибмактабу шаҳрсоз дар як марҳилаи кӯтоҳ куллан симои худро тағйир дода, бо бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноативу истеҳсолӣ, маҷмааҳои фарҳангиву маишӣ, қасру толорҳои бошукӯҳ, мактабу донишсароҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ, майдончаҳои муосири варзишӣ, биноҳои хуштарҳу назаррабои истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳои фараҳафзо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва зиндагии шоистаи сокинонаш ба қатори бузургшаҳрҳои дар ҳоли зуд рушдёбанда ҳаракат дораду маркази кашфи истеъдодҳо, даргоҳи умеду орзуҳои ҷавонии ҷавонон ва пойтахти ташаккулёбии олимон, паҳлавонону қаҳрамонони ҷавон аст Душанбешаҳр, чӣ гуна шаҳри ҷавонӣ унвонаш надиҳем!

Масалан, ба ҳолати якуми январи соли 2025 аҳолии пойтахти мамлакат 1 миллиону 259 ҳазору 400 нафарро ташкил намуда, аз ин теъдод 439 ҳазору 600 нафари он ҷавонон ҳисоб шудаанд, ки ин нишондод аз фисади умумӣ 34,9 фисадро ташкил менамояд.

Ҳамин тариқ, кам нестанд теъдоди ҷавононе, ки баҳри рушду ташаккулёбӣ ва сайқал додани донишу ҷаҳонбинӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ шаҳри Душанберо даргоҳи амалишавии орзуву умедашон интихоб мекунанд. Имрӯз, дар 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳр 119 ҳазору 181 нафар донишҷӯ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳр 19 ҳазору 307 нафар ва дар 11 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе 4 886 нафар ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Имрӯз, аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, хоса пойтахти дилорои мамлакат – шаҳри Душанбе дили ҳар фарди поктинату ватандӯст лабрези муҳаббат нисбати ин диёри аҷдодӣ мегардад. Ҳаминаст, ки ҳар нафари соҳибхираду ватандӯст аз чунин зебоию шукуфоии Ватан имрӯз хушҳол аст. Хандаи беғаши кӯдакон, нигоҳи меҳрбори модарон, азму иродаи қавии ҷавонон, дасти дуои неки пирон ва рафтуои пайвастаи меҳмонони хориҷ шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистони мо зери сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳриёри оқилу шаҳрсоз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳи дурусти рӯ ба сӯйи фардои дурахшонро интихоб намудааст.

Давоми чанд соли охир симои шаҳри Душанбе чун симои поки шаҳрдор муҷаллову муаттар гардида, чун умри ҷавонӣ ӯ сарсабзу хуррамтар гашт. Воқеан, имрӯз дар раванди ҷаҳонгароӣ воқиф мегардем, ки шаҳри Душанбе пешгомтарин ва пурэътибортарин шаҳр дар қатори садҳо шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон эътироф гардидааст. Мақдами файзрезу файзбахши шаҳриёри шаҳрамон бо нерӯву тавоноии ватандӯстонааш бар ҷисму ҷони шаҳри Душанбе тавони нав бахшид. Шаҳриёри ҷавону шаҳрсоз, покзод ва некбину некрой ба шаҳри Душанбе ҷавонӣ, шодкомиву шодрӯзӣ овард.

Ҳамзамон Душанберо метавон маркази имкониятҳои варзишӣ унвон дод. Зеро, варзиш бо ҷавонон тавъам аст. Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани фароғати хуби ҷавонон дар ҳама боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар баробари қаҳвахонаҳои бошукӯҳ, майдончаи футболи хурд, теннис, баскетбол, волейбол ва дар гӯшаҳои дигари боғҳо барои машқу тамрини сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва наврасони пойтахт шароити хуб ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳони муосир муҳаё карда шудааст.

Дар чанд соли охир пойтахт шоҳиди дигаргуниҳои назаррас гардид. Сохтмони беш аз сад майдончаи варзишӣ, толорҳои муосири варзишӣ, марказҳои ҷавонон ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ шаҳодати таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба насли ҷавон аст.

Иншооти нав ба ҷавонон имкон медиҳад, ки вақти худро самаранок гузаронанд, тарзи ҳаёти солимро пеш гиранд ва қобилияту истеъдоди варзишии худро сайқал диҳанд. Мо шоҳиди онем, ки ҳар сол дар пойтахт садҳо чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо ҷавонони мамлкат бо завқ иштирок мекунанд.

Шаҳри Душанбе давмои солҳои охир ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ гардида, нуфузи варзиши кишварро баланд бардошта, варзишгарони ҷавони тоҷикро ба сатҳи нав мебарорад. Бо шарофати шароити хуби инфрасохторӣ, пойтахт борҳо мизбони мусобиқоти варзишии байналмилалӣ гардидааст, ки ин ба баланд шудани эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми ҷавонони Тоҷикистон аст, ки шаҳри Душанбе давоми солҳои охир на танҳо мизбони ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ дар робита ба об, иқлим ва дигар масоили глобалии сайёра, балки маркази баргузории бузургтарин чорабиниҳои варзишӣ гардида истодааст.

Ёдовар шудан айни муддаост, ки танҳо дар ҳашт соли охир зери таваҷҷуҳ ва мусоидаи бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 347 иншоотҳои соҳаи варзиш мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар пойтахти мамлакат сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Масалан, давоми ҳашт соли охир дар пойтахти мамлакат бузургтарин иншоотҳои варзишӣ, аз қабили Муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе, клубҳои байналмилалии Ювентус ва Крокус-фитнес мутобиқ ба талаботҳои ҷаҳонӣ сохта ва мавриди баҳрабардори қарор гирифтааст, ки барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва рушди минбаъдаи соҳа заминаи мусоидро фароҳам овард.

Мавриди таъкид аст, ки бо фароҳам гардидани инфрасохтори соҳаи варзиш дар кишвар танҳо дар ҳашт соли охир дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе зиёда аз 400 чемпионат ва мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ доир гардид, ки варзишгарони муваффақи мо дар чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, шарафи варзишии кишварро муаррифӣ намудаанд.

Танҳо давоми ду соли охир аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 11 нафар варзишгарони муваффақи тоҷик, ки дар мусобиқаҳои минтақавиву байналмилалӣ мақомҳои ифтихориро сазовор гардида, ба ифтихорашон Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуда, Суруди миллии Тоҷикистон садо додааст, хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми ҷиҳози рӯзгордорӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки моҳи майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвари азизи мо нахустин мусобиқаи байналмилалии “Гранд-Слам Душанбе-2024” бо иштироки 446 нафар варзишгар аз 65 давлати ҷаҳон доир гардид, ки эътибори варзиши кишварро дар сатҳи байналмилалӣ дучанд гардонид. Моҳи майи имсол низ баргузории чунин чорабинии бошукӯҳи сатҳи баланди варзишӣ Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо дар пойтахти мамлакат ба нақша гирифта шудааст, ки бори дигар номи Душанбешаҳри нозанин дар дунёи варзиш ҳувайдо мегардад.

Инчунин давоми моҳҳои сентябр ва октябри соли ҷорӣ бори нахуст дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон доир мегардад, ки барои мо масъулини соҳа ва варзишгарони кишвар боиси ифтихор мебошад.

Пеш аз оне ки дар мавриди иншоотҳои бузурги варзишӣ ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бигӯем, метавон аз дастгириҳои охири муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати қадрдонии варзишгарон ҳарф зад. Иқдоми дастгирии варзишгарон аз ҷониби шаҳрдори ҷавон идомаи мантиқии сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат мебошад, ки маншаъ мегирад аз таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки бо фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 январи соли 2015 рӯи кор омадааст. Ҷавонон бо варзиш пайванди ногусатанӣ доранд. Зеро 90 фисади варзишгаронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Шаҳрдори ҷавон бо иқдомҳои охири худ дар дили ҷавонон умед ва барои варзишгарон ҷасорату хотирҷамъиро ҳадя намуд. Баъди ин иқдомот ҷавонони мо бо завқ ба варзиш машғул мешаванду варзишгарон бо як ҷасорату хотири ҷамъ вориди майдон мегарданд, зеро онҳо медонанд, ки ҳар натиҷаашон подоши худро дорад.

Шаҳриёри шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ худ аз муваффақтарин дастпарварони мактаби роҳбарии Пешвои миллат мебошад. Дар пайравӣ аз ин сиёсат муддати ҳашт соли охир дар шаҳри Душанбе иқдомҳое рӯи кор омаданд, ки ба имрӯзи пурсаодати ҷавонон ҷилои тоза бахшиданд. Мисоли ин гуфтаҳо қабули қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар бораи барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 – 2018, 2019 — 2021 ва 2022-2026 аз моҳи марти соли 2022 №106 мебошад, ки таҳияву тасдиқ гардида, самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавононро дар бар мегиранд. Душанбе ҳамчун таҷассумгари симои воқеии миллат ва макони асосии баҳамоии ҷавонони мамлакат тавонистааст, ки симои воқеии хешро бо ҳузури ҷавонони касбу кори гуногун ба шаҳри ҷавонӣ ва ҷавонон муаррифгар бошад. Ҳамин дастгириҳо аст, ки ҷавонон иқдомҳои рӯи кор гирифтаи шаҳрдори ҷавонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Зимнан, бо истифода аз ин фурсати муносибат изҳори сипос ва миннатдории тамоми ҷавонон ва варзишгарони кишварро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии ҳамешагии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш, махсусан фароҳам овардани тамоми имкониятҳои мусоидат ба ин табақаи муҳими ҷомеа дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе самимона баён менамоям.

Хулоса, Душанбе осоиши қалби ҳар як сокини шаҳр ва берун аз он мебошад. Он шаҳри пайвандгари қалбҳост, шаҳри ҷавонӣ ва маркази имкониятҳои варзишӣ, макони меҳру муҳаббату самимият ва маскани тоҷикон аст.

Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА,
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС:

Апрель 19, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
«ГУЗАРГОҲИ САЙЁҲОН». Таъсиси мағозаи армуғонҳо дар Левакант барои муаррифии ҳунари тоҷикон иқдоми саривақтӣ аст
Падару модарон уҳдадоранд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак иҷро намоянд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ пешниҳод мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров: «Шиори мо дар зиндагӣ намунаи ибрат будан аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Волидайн ва масъулин барои бофароғат ва самаранок гузаронидани он чӣ гуна омодагӣ мебинанд?
Нақши осорхонаҳои таърихӣ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас чӣ гуна аст?
15 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚЛИМ. Ҳифзи иқлими сайёра ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳоро тақозо менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз яке аз масъалаҳои муҳими оила аст
Оила — ҷоест, ки дар он ҳама аъзои хонавода эҳсоси оромиш, амният ва ишқ намоянд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила