Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеъа моҳияти муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ ба таври васеъ ба ҳар як оилаи ҷумҳурӣ мушаххас фаҳмонида шавад. Чунин дастур доданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа зимни машварати корӣ, ки имрӯз бо иштироки масъулини сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гардид.
Дар машварати корӣ иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон доир ба рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 миллиард киловатт-соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар мебошад.
Ба Сарвари давлат доир ба татбиқи амалии нишондодҳои нави қонунгузории мамлакат оид ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гузориш доданд.
Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои муайян намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани вайронкунандагони тартиботи нави муқарраргардида санҷишҳои дахлдор васеъ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи масъалаҳои баррасишуда хулосагирӣ намуда, дар назди масъулин вазифгузорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад, ки 36 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад. Яъне қисми асосии маблағҳои ҷалбшаванда маҳз ба соҳаи энергетика равона карда шудааст.
Бинобар ин, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзур карда шудааст, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






