Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мо санади таърихӣ — Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишварро ба имзо расонидем. Ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем. Бовар дорам, ки аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз 31 март дар шаҳри Хуҷанд, ки бо иштироки президентҳои ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон- Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров баргузор шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми ҷашни Наврӯзи пуршукӯҳ — намоди бедоршавии табиат, марҳилаи нави гардиши зиндагӣ ва боварӣ ба ояндаи беҳтар доир гардидани ин вохӯриро басо рамзӣ номиданд.
«Боиси фарҳамандист, ки мардумони мо ҳамеша барои ҳифзу ғанӣ гардонидани анъанаҳои неки Наврӯз — бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ саъю талош карда, онҳоро то ба рӯзҳои мо расонидаанд. Ин ҷашн дар тӯли асрҳои зиёд барои таҳкими ғояҳои олии башардӯстӣ, фазои эҳтироми муштарак ва созгорӣ хизмат менамояд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои мустаҳками дӯстии танготанг, накӯҳамсоягӣ ва рушди муштарак ба ҳам мепайванданд. Комилан возеҳ аст, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба он равона шудаанд, ки ин таҷрибаи созандаи таърихиро пурра ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда истифода барем. Маҳз барои ҳамин ҳам натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем».
Президенти Тоҷикистон изҳори итминон намуданд, ки «мо дар якҷоягӣ, бо дастгирии доимии мардумонамон, дар ин ҷода ба дастовардҳои бузург ноил хоҳем гашт».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






