eSIM: мувофиқ, боэътимод, мубрам

Апрель 24, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. SIM-кортҳои электронӣ дар Тоҷикистон ба ҷои симкортҳои анъанавӣ ҳарчи бештар маъмул мешаванд. Зимнан,  намунаи  «мукаммали» eSIM чӣ гуна афзалият дорад, онро  чӣ тавр  пайваст кардан мумкин аст ва метавонем инро ройгон анҷом диҳем? Якҷоя бо мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ки аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ намуди нави кортро ба муштариён пешниҳод кардааст, посух медиҳем.    

Се ҷиҳати мусбати  eSIM

Яке аз афзалияти  асосии корти электронӣ ин  аст, ки онро  гузоштан ё иваз намудан заурр нест. Дар баъзе ҳолатҳо масалан, ҳангоми интиқоли он ба телефони нав SIM-корти муқаррариро аз дастгоҳ гирифтан заурр меояд, бинобар ин метавонед ба он осеб расонед. Ғайр аз ин,  SIM-кортҳо   намуд  ва андозаҳои гуногун доранд  ва метавонанд ба гаҷети дигар мувофиқат накунанд. eSIM шакли  микросхемаи  васлшуда дорад, он намешиканад, зеро онро аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидан зарур  нест.

Бартарии дуюм- ин имконияти  истифодаи якчанд рақам дар як корт мебошад. Масалан, бо як eSIM шумо метавонед тамосҳои  корӣ ва шахсиро ҷудо намоед. Барои ин ду SIM-корти шакли пештара  зарур мешавад.  Зимнан,   eSIM барои сафару сайёҳатҳо  низ муфид аст,   ҳангоми дар хориҷа будан  дигар зарурат надорад, ки кортро  иваз намоед, танҳо ба шумо лозим аст, ки маълумоти навро тавассути  рамзи QR ба eSIM боргирӣ   намоед.

Ва ниҳоят афзалияти сеюм ин аст, ки eSIM-ро дар дастгоҳҳое истифода бурда метавонед, ки барои SIM-кортҳои муқаррарӣ слот надоранд. Ин  танҳо ба соатҳои доно  ё датчикҳои  системаи «Хонаи доно»  дахл надошта, балки  истеҳсолкунандагони смартфонҳо низ оҳиста-оҳиста аз  SIM-кортҳои муқаррарӣ даст  мекашанд.  Масалан, дар iPhone 14 ва баъзе  дигар тамғаҳои  замонавӣ  аллакай слот барои симкортҳо  вуҷуд надорад.

Як  ҷиҳати манфии   eSIM

Дарҳол мегӯем, ки ин  хусусияти манфӣ  пайваста коҳиш меёбад ва шояд  ояндаи наздик комилан аз байн равад. Мушкилот дар он аст, ки на ҳамаи намудҳои  смартфонҳо технологияи eSIM-ро дастрас  менамоянд. Мантиқ чунин аст: телефон ҳар қадар навтар бошад, шумо метавонед корти электрониро дар он боэътимодтар истифода баред, зеро он дорои модули васлшудаи дахлдор  мебошад.

Санҷидани  дастрасии пайвасткунии eSIM дар смартфони  шумо тавассути танзимоти телефон ё дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон»  имконпазир аст.

 eSIM чӣ тавр пайваст карда  мешавад

Агар смартфони шумо кортҳои электрониро дастрас намояд, вақти он расидааст, ки аз SIM-кортҳои муқаррарӣ  даст  кашед  ва ба намунаи муносиб ва замонавӣ гузаред. Инро метавон дар идораҳои  хизматрасонии «МегаФон Тоҷикистон» бо доштани  худи дастгоҳ ва шиносномаи  барои идентификатсия  ва ё ба таври дурдаст – тавассути  замимаи мобилии «МегаФон Life»  анҷом дод.

Феълан   варианти дуюм мувофиқтар аст ва  он барои фаъолкунии  eSIM  дар дилхоҳ  ҷой имкон медиҳад. Аз ин рӯ,  мо дар бораи амалҳои зарурӣ дар ин ҳолат муфассалтар маълумот медиҳем.   Аввалан, шумо бояд ба замимаи «МегаФон Life» ворид шуда, дар саҳифаи асосӣ қисми  «Мушовир»-ро интихоб намоед ва «eSIM»-ро ҳамчун мавзуи дархости худ ба мушовири онлайн нишон диҳед. Пас аз ин, мутахассиси ширкат посух медиҳад ва ба шумо дар раванди фаъолсозӣ кумак менамояд.

Гузаштани  идентификатсияи шахсият дар ин усули пайвастшавӣ низ зарур аст, барои  ҳамин  шумо метавонед пешакӣ  шиносномаи худро (аз ҳарду тараф) акс гиред  ва  бо ҳуҷҷат селфи кунед.  Инчунин барои тасдиқи шахсият ба шумо SMS бо рамзи чоррақама фиристода мешавад, ки  бояд онро давоми як дақиқа пешниҳод кунед. Баъд аз он шумо истинодро   барои фаъолкунии   eSIM ба даст меоред.

Арзиши пайвасткунии  eSIM  чӣ қадар аст?

Нархи муқаррарӣ барои муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 10 сомонӣ аст. Аммо агар шумо ягон тарофаро бо арзиши 85 сомонӣ ва аз он боло пайваст намоед, eSIM ройгон фаъол карда мешавад. Аз имконияти оянда аллакай  имрӯз баҳравар гардед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»   

 

 

Апрель 24, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид