Файзалӣ Идизода дар Волгоград аз қаҳрамониҳои халқи тоҷик зимни озод намудани Сталинград ёдовар шуд

Апрель 29, 2025 14:25

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак» дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия иштирок менамояд.

28 апрел ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди оташи абадӣ дар маҷмааи рамзии хотира ва қаҳрамонии Мамаев Қӯрғон иштирок намуданд.

Сипас ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар маҷмааи ёдгории таърихии «Қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград» хотираи нафарони дар ин ҷанг ҳалокшударо гиромӣ дошта, бо экспонатҳои музей, ки бозгуйи аҳамияти муҳорибаи Сталинград дар таърихи ҷаҳон ва қаҳрамониҳои фарзандони далери халқи тоҷик дар сафи Армияи Сурх барои озод кардани Сталинград мебошанд, шинос шуданд. Садҳо зодагони Тоҷикистон дар майдони муҳорибаҳо далерию шуҷоат нишон дода, шумораи зиёди онҳо дар роҳи муҳофизати Сталинград ва таъмини Ғалабаи бузург ҷони худро нисор намуданд. Корнамоии онҳо як қисми мероси умумии таърихӣ аст, ки халқҳои Иттиҳоди Шуравиро ба ҳам мепайвандад.

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин дар кори бахши форум таҳти унвони «Ҳифз ва ҳимояи хотираи умумии таърихӣ», ки дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалии башардӯстона, ҳифзи ҳақиқат дар хусуси набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи маорифу таърих баррасӣ шуданд, иштирок намуд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии «Мероси бузург – ояндаи муштарак» дар шаҳри Волгоград ба 80-солагии Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941-1945), ки дастоварди нодир ва самари дӯстию бародарии ҳамаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аст, бахшида шудааст.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Апрель 29, 2025 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид