Фаронса шумораи квотаҳоро барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд менамояд

Апрель 17, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Фаронса тасмим гирифтааст, ки шумораи квотаҳоро барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд кунад. Квотаҳо дар айни замон 50 адад буда, дар оянда ба 150 адад расонида мешаванд. Инчунин тасмим гирифта шудааст, ки волонтёрон – омӯзгорон аз Фаронса ба донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки дар заминаи онҳо забони фаронсавӣ омӯзонида мешавад, ҷалб гарданд.

Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сенатори Ҷумҳурии Фаронса Саманта Казбон.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза далели рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Фаронса дар соҳаҳои маориф ва илм аст. Таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм бо Ҷумҳурии Фаронса дар асоси Созишнома оид ба ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса аз 4 августи соли 2003 амалӣ гардидааст. Ин ҳамкорӣ дар натиҷаи фаъолияти судманди ду ҷониб сол то сол рушд менамояд.

Саманта Казбон омодагии ҷониби Фаронсаро барои дар сатҳи беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои байналмилалӣ иброз намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаю дониши донишҷӯёну устодон ишора намуд.

Сенатори Ҷумҳурии Фаронса вобаста ба ифтитоҳи Маркази омӯзиши забони фаронсавӣ изҳор дошт, ки “мо омодаем дар Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони фаронсавӣ ба истифода диҳем. Дар заминаи он ҷавонон метавонанд ба Ҷумҳурии Фаронса барои таҳсил сафар намоянд. Ҳамчунин мо омодаем, ки дар Фаронса ба ҷавонони тоҷик забони фаронсавӣ омӯзонем ва ба таҳсил ҷалб созем”.

Дар доираи барномаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла TEMPUS, gSmart, UNIWORK, INTERASIA, gSmart – Spatial ICT Infrastructures for Smart Places устодон вa коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои таълимию методие, ки бо ибтикори ташкилоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва Фаронса баргузор мегарданд, иштирок менамоянд. Ҳамзамон давоми ду соли охир намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Бунёди илмии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЕСОЅЕ) дар машварати байналмилалӣ оид ба илм ва таҳсилоти технологӣ, ки дар Ҷумҳурии Фаронса баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат забони фаронсавӣ омӯзонида мешавад. Дар умум 557 донишҷӯ ба омӯзиши забони фаронсавӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёд, аз ҷумла бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯзиши забони фаронсавӣ, таъсиси маркази омӯзиши забони фаронсавӣ ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 17, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид