ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад

Апрель 24, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 5 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи яккачини Камбоҷа дар шаҳри Пномпен вохӯрии дӯстона доир мекунад.

Пас аз анҷоми бозии дӯстона дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми рақобати интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи мунтахаби Филиппин, ки 10 июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор мешавад, ба шаҳри Капаси Филиппин сафар мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Апрель 24, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид