ФУТБОЛ. Қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор шуд

Апрель 24, 2025 16:49

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар даври муқаддамотии Ҷоми мамлакат  14 дастаи Лигаи якуми Тоҷикистон иштирок мекунад.

Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳафт ҷуфт ташкил карда шуд. Ғолиби ҷуфти «Сардор» – «Сарҳадчӣ» роҳхати даври 1/8-ниҳоиро ба даст меорад. Се роҳхати боқимондаи қуръакашии қисмати асосии Ҷоми Тоҷикистонро ғолибони се ҷуфти даври муқаддамотии дуюм соҳиб мешаванд.

Бозиҳои аввали даври муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025  2, 3 ва 4 май доир мешаванд. Се вохӯрии даври дуюми муқаддамотӣ 5 июл бвргузор мегарданд.

Бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ вориди рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол тамоми марҳилаҳои Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат хоҳанд буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

 

Апрель 24, 2025 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд