Имрӯз дар Душанбе Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ баргузор мегардад

Апрель 6, 2025 07:30

ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ баргузор мегардад, ки дар он варзишгарону роҳбарони сохторҳои варзишии зиёда аз 18 давлати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ иштирок менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Қабл аз оғози форум  имзои шартномаи нави ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назар аст.

Ҳамзамон дар доираи форум баргузории чорабинии варзишии «Дави дӯстӣ» ба нақша гирифта шудааст, ки иштирокчиёни он мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанберо тамошо менамоянд.

Дар ҷаласаи  Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ масъалаҳои сеюмин Бозиҳои Осиё байни наврасон дар давлати Баҳрайн, Бозиҳои Осиё дар толор ва ҳунарҳои размӣ дар Ар – Риёзи Арабистони Саудӣ – 2026, 20 – умин Бозиҳои Осиё дар Айчӣ – Ногояи Ҷопон – 2026, барномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ, омода намудани варзишгарон барои Бозиҳои олимпии Лос – Анҷелес — 2028 мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Форум барои густариш додани  ҳамкорӣ дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва муаррифии фарҳанги миллӣ  имконияти мусоид фароҳам меорад.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 6, 2025 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд