ИМРӮЗ — РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Хизматчиёни ин сохтори низомӣ дар таъмини суботу оромӣ саҳми назаррас доранд

Апрель 10, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи мамлакат ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошанд, ки имрӯз аз таъсиси он 32 сол сипарӣ мегардад.

Ин ниҳоди боэътимоди сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аввалин сохтори ҳарбии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Бо Қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии  Чумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз 10 апрели соли 1993 расман оғоз намуд.

Хизматчиёни  Қӯшунҳои дохилӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва таъмини амнияти иншооти махсусан муҳими давлатӣ равона гардидаанд. Дар ин замина ҳамарӯза ҳайати  Қӯшунҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмати посбонӣ-пайроҳадорӣ ҷалб карда мешаванд. Ин омил барои таъмини амнияти шаҳрвандону меҳмонон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2023 зимни иштирок дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъкид намуданд, ки «кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд».

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ даҳҳо иншооти нав сохта, ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда, бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд.

Барои шуҷоату мардонагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ то имрӯз садҳо нафар кормандони милитсия ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «имрӯз метавонем бо қаноатмандиву ифтихор иброз намоем, ки кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, афсарону прапоршикҳо ва сержантҳову сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори низомии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали истиқлол ва ташкили ин навъи қӯшунҳо дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи иншооти махсусан муҳим, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, иштирок дар бартараф намудани оқибати ҳодисаҳои нохуш ва дигар ҳолатҳои фавқулода саҳми пурарзишу ватандӯстона гузоштанд».

Бояд гуфт, ки бо дастгирию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбии қӯшунҳо корҳои сохтмонию навсозӣ ва таъмиру ободгардонӣ амалӣ гардида, барои фаъолияти хизматӣ, таълимот ва фароғати ҳайати шахсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла,  дар қисмҳои ҳарбӣ ҳаммоми замонавӣ, синфхонаи компютерӣ, сартарошхона, нуқтаи тиббӣ, қисми навбатдорӣ, нуқтаи назорати гузаргоҳ, анбори нигоҳдории меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ, инчунин майдони сафороии қисми ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Барои тарбияи ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар қисми ҳарбӣ майдони варзишии намунавӣ сохта шуд.

Ҳамасола дастаи варзишии қӯшун дар тамоми ҳамоишҳои варзишии сатҳи мақомот, байни сохторҳои қудратию дигар мақомоти давлатии мамлакат ва чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар аксари чорабиниҳо аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Дар муддати фаъолияти даста дар ҳайати он 5 нафар мураббиёни шоистаи варзиши ҷумҳурӣ, 4 нафар устоди шоистаи варзиши ҷумҳурӣ, 16 нафар устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 27 нафар устодони варзиши ҷумҳурӣ, беш аз 40 нафар номзадҳо ба устоди варзиши ҷумҳурӣ, 2 нафар иштирокчиёни Бозиҳои варзишии олимпӣ, 4 нафар иштирокчиёни Бозиҳои варзишии Осиёӣ, 3 нафар ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Осиёӣ ва беш аз 50 нафар иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои гуногуни гӯштин, муҳорибаҳои омехтаи тан ба тан, таэквондо ва карате ба воя расидаанд.

Инчунин барои сарбозон барои омӯзиши илму дониш, машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш, омӯхтани касбу хунарҳои гуногун имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар қисмҳои низомии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ амалӣ мегарданд. Мақсади гузаронидани ин даврҳо дар баробари соҳибкасб намудани насли ҷавон ва азхуд кардани ҳунарҳои асили миллӣ бо ҷалби устоҳои моҳир ҳамчунин дар замири онҳо бедор намудани ҳисси худшиносӣ мебошад. Ҳамзамон сарбозон баъди анҷоми хизмати Ватан-Модар соҳиби касбу ҳунари муайян гардида, метавонанд онро манбаи пешбурди рӯзгорашон қарор диҳанд.

Барои таъмини иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди раёсат ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудаанд. Фаъолияти онҳо ба кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ ва моҳипарварӣ равона гардидааст, ки ба ин васила ғизои ҳамарӯзаи сарбозон беҳтар гардонида мешавад.

Ташкили шароити мусоиди хизмат, кору истироҳат ва фароғати ҳайати шахсӣ яке аз кафолатҳои асосии самаранокии фаъолияти воҳиди ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободонии қисму воҳидҳои қӯшун диққати махсус зоҳир намуда, қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ имрӯз аз ҷиҳати моддӣ-маишӣ дар сафи пеши сохторҳои ҳарбии мамлакат қарор доранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 10, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гули лола ба инсон шодию лаззати эстетикӣ мебахшад
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ беш аз 80 фоиз иҷро шуд
СИФАТИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳо оид ба дидгоҳ ва фаъолияти амалии Президенти Тоҷикистон доир ба ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ
МУТТАҲИДШАВӢ БАРОИ ШУКУФОИИ УМУМӢ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ РАДИОИ ТОҶИК. Радиои «Тоҷикистон» ҳамқадами замона фаъолият менамояд
Иқтисодчиёни Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат саҳми назаррас доранд
САЛОМАТӢ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО! Шумо кай охирон маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаштаед?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ангат раванди пиршавиро суст ва бемориҳои мавсимии вирусиро пешгирӣ менамояд
Дипломатияи муваффақи Тоҷикистон далели ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар масири давлатдории навин мебошад
Марзҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии созанда табдил меёбанд
Сиёсати ҳамгироӣ ва фароминтақавии Пешвои миллат намунаи олии инсондӯстӣ мебошад
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон соли 2024 1,74 маротиба зиёд гардид