Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ

ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки 31 марти соли 2025 бо ҳузури Сарони се давлати дӯсту бародар ва ҳамҷавори минтақаи Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Узбекистон- муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Қирғизистон- муҳтарам Садир Жапаров дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри бостонии Хуҷанди Тоҷикистон баргузор шуданд, аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ба таври густурда инъикос гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Хусусан мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар, боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аз маҷмааи Қалъаи Хуҷанд ва иштирок дар барномаи фарҳангии муштараки наврӯзӣ тавассути шабакаҳои телевизион ва радиоҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш гардид.
Инчунин агентиҳои давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон — АМИТ «Ховар», Ҷумҳурии Узбекистон – «УзА» ва Ҷумҳурии Қирғизистон «Кабар» ба таври васеъ гузоришҳоро бо такя ба Хадамоти матбуоти президентҳои се давлат дар сомонаҳои хабаргузориҳо бо забонҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла, тоҷикӣ, узбекӣ, қирғизӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, арабӣ, туркӣ ва ғайра ба нашр расониданд.
АМИТ «Ховар»
Аз ҷумла, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» оид ба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар гузориш нашр намудааст, ки дар он чунин омадааст: «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва расму оини устувори Наврӯз ҳарф зада, изҳор доштанд, ки ин ҷашн «ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозад».
Сарвари давлати мо инро низ «комилан возеҳ» номиданд, ки имрӯз ҳам талошҳои муштараки мо ба истифодаи ҳамаҷонибаи асосҳои башардӯстӣ ва рамзҳои олии ҷашни таърихии Наврӯз ба нафъи наслҳои имрӯзаву оянда равона шудаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се мамлакат баимзорасидаро «санади таърихӣ» номида, таъкид доштанд, ки «ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем».
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки «аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт».
Сарвари давлати мо тавофуқоти бадастомадаро азми табиии мардумони се кишвар арзёбӣ намуда, чунин таъкид доштанд: «Мо вазифадорем, ки минбаъд низ дар ин самт саъю талоши муштарак ба харҷ диҳем».
Сарони давлатҳои Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ ба муносибати ҷашни Наврӯз бо табрикот ва таманниёти нек суханронӣ намуданд.
Сипас тантанаҳои бошукуҳ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангии ҳунармандон ва гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон идома ёфтанд, ки намунаи наздикии маънавию фарҳангии мардумони се давлат гардид. Барномаи ҳунарӣ, ки мазмунан фарогири савту навои дӯстиву бародарӣ ва накуҳамсоягӣ буд, ба намунаи возеҳи некхоҳию накусириштӣ табдил ёфт.
«Имрӯз барои халқҳои мо воқеан иди бузург ва деринтизор аст. Мо Шартномаи таърихиро дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар имзо кардем. Сарҳадҳо минбаъд хати бародарӣ, фазои имконияти нав, созандагию ҳамгироӣ мебошанд. Таъкид шуд, ки халҳҳои мо як сарзамини мукаддас, як дин, як такдир, як ташвиш ва шодӣ, орзую умед доранд. Акнун вазифаи мо ин аст, ки ин сарзамини зебоманзарро якҷоя ба зиндагии шоиста ва хушбахтонаи наслҳои имрӯзу оянда табдил диҳем. Солҳои охир бо шарофати иродаи умумии сиёсӣ дар муносибатҳо байни мамлакатҳои мо дигаргуниҳои азими мусбат ба амал омаданд. Санъат ҳадду канор надорад, рисолати бузурги вай муттаҳид намудани одамон аст. Ва консерти имрӯзаи ҳунармандони боистеъдоди се давлат бори дигар гуногунрангӣ, ғанӣ будан ва умумияти фарҳангҳои моро намоиш медиҳад». Чунин нигоштааст Агентии давлатии иттилооти Узбекистон «УзА» аз суханронии Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар гузорише таҳти унвони «Роҳбари давлат дар консерти муштарак иштирок намуд».
«Кабар»
«Президент Садир Жапаров дар суханронии худ ба Президенти Тоҷикистон барои истиқболи гарму самимӣ ва сатҳи баланд, ки рамзи ваҳдат ва дӯстии халқҳо мебошад, изҳори сипос намуд. “Чунон ки дар ҳикмати мардумӣ гуфта шудааст: «Алыскы туугандан жакынкы кошуна артык», ки тарҷумаи он «ҳамсояи наздик беҳтар аз хеши дур аст», — таъкид намуд Президенти Қирғизистон. Садир Жапаров изҳори итминон намуд, ки иқдоме, чун таҷлили имрӯзаи ҷашни Наврӯз ба анъанаи нек табдил ёфта, ҳамасола дар гӯшаҳои гуногуни кишварҳои мо баргузор шуда, бо худ фазои бародарию ҳамдигарфаҳмӣ меорад.
«Қирғизистон ба оянда бо некбинии бузург менигарад ва ҷонибдори рушди ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои бародари Осиёи Марказӣ мебошад», — таъкид намуд Садир Жапаров. Вай ҳамчунин афзуд, ки кишварҳо аллакай лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва иқтисодиро муваффақона амалӣ менамоянд, ки барои таъмини рушди устувор ва шукуфоии тамоми минтақа пешбинӣ шудаанд.
Садир Жапаров ёдовар шуд, ки шаҳрҳои Ӯш, Хуҷанд ва Андиҷон на танҳо марказҳои таърихӣ, балки рамзҳои тамаддуни чандинасра, анъанаҳои бой ва фарҳанг мебошанд. Дар робита ба ин, вай пешниҳод кард, ки имкони амалӣ намудани раводиди ягона, ки рафтуомади озоди сайёҳон дар саросари кишварҳои минтақа, ба мисли минтақаи Шенген дар Аврупоро таъмин менамояд, баррасӣ карда шавад.
Дар хотима Садир Жапаров афзуд, ки «ҳамгироии минтақавӣ дар ҳолати рушди фаъол идома дорад ва таҳкими ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ рушди устувор ва шукуфоии Осиёи Марказӣ хоҳад буд». Чунин омадааст дар гузорише, ки Агентии давлатии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» таҳти унвони «Вохӯрии Сарони давлатҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид» нашр намудааст.
Бояд тазаккур дод, ки суҳбату вохӯриҳои сеҷонибаи Сарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ва иштироки онҳо дар консерти муштараки идона бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шимоли Тоҷикистон дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ- Facebook, Instagram, You Tube ва дигар расонаҳои хабарии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла «Синхуа», «Казинформ», «АКИpress», «Sugdnews», «YOUR.TJ» , «Asia Plus», бахши форсии BBC, «Озодӣ», «ИСАП» ва ғайра инъикос гардиданд. Ин бозгӯи дар сатҳи баланд баргузор гардидани вохӯрии се Президенти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва таҷлили бошукуҳи Наврӯз бо иштироки санъаткорон ва аҳли ҳунари Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғистон, дар маҷмуъ таҳкими дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти президентҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон/АМИТ «Ховар»