Иштирокчиёни Форуми сайёҳии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» Қалъаи Хуҷандро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Меҳмонон бо санъати миллии меъмории тоҷик- кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, коркарди бадеии чӯбу санг, кошинкорӣ, ки дар 5 толори намоишӣ ба таври васеъ истифода гардидаанд, шинос шуда, ба ҳунари волои ҳунармандону устоҳои чирадасти Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Қалъаи Хуҷанд аз маконҳое ба ҳисоб меравад, ки таърихи беш аз 3 ҳазорсола дорад. Ҳамасола барои тамошои ин маҷмааи аз лиҳози меъморӣ беназир теъдоди зиёди сайёҳони хорҷӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд меоянд.
Барои фароҳам овардани шароит ба сайёҳон дар Қалъаи Хуҷанд ҳамзамон чойхона, меҳмонхона ва растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил гардида, бо эҳёи ҳавлиҳо анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба меҳмонон муаррифӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 19 апрел дар шаҳри Хуҷанд Форуми дуюми байналмилалии сайёҳии «Суғд-чорроҳаи Роҳи бузурги абрешим» баргузор гардид.
Дар форуми байналмилалии сайёҳӣ беш аз 100 нафар намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус, Федератсияи Русия, инчунин намояндагони консулгарии генералии Русия иштирок намуданд.
Мақсади баргузории форум муайян намудани самтҳои нави рушди сайёҳӣ ва афзалият бахшидани соҳа дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин фароҳам овардани таҷрибаи сайёҳӣ, равнақ бахшидан ва гирифтани маълумоти дақиқ дар бораи самтҳои сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён дар форум масъалаҳои зиёд намудани сайёҳон ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди робитаҳои нав байни иштирокчиёни бозори сайёҳии мамлакатҳо, рушди ҳамкории мутақобил ва табодули таҷрибаҳои назаррас байни давлатҳоро баррасӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






