Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст

Апрель 27, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали имсол ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 17 фоизро ташкил додааст. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 8,1 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 74,9 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 97,7 фоиз, вилоятҳои Хатлон 82,3 фоиз, Суғд 68,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумот  дар семоҳаи якуми соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 4 миллиарду 271,8 миллион баробар гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 106,2 фоиз ва 107,3 фоизро ташкил додааст.

Тазаккур дода шуд, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 27, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд