Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали имсол ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 17 фоизро ташкил додааст. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 8,1 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 74,9 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 97,7 фоиз, вилоятҳои Хатлон 82,3 фоиз, Суғд 68,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумот дар семоҳаи якуми соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 4 миллиарду 271,8 миллион баробар гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 106,2 фоиз ва 107,3 фоизро ташкил додааст.
Тазаккур дода шуд, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд
Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия оғоз шуд
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад






