КИШВАРИ САБЗ. Дар шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026», «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва лоиҳаи «Бунёди ҷангал ва агроҷангал барои мубориза бо биёбоншавӣ ва афзоиши даромади мардум дар Тоҷикистон» 5 апрел дар шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат аз ҷониби Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» ва шарикони рушд маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Лоиҳа бо дастгирии Хадамоти ҷангали Корея амалӣ гардида, дар доираи он дар ин шоҳроҳ дар 20 гектар 20 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд. Инчунин дар доираи татбиқи лоиҳа дар назар аст, ки то соли 2027 дар 70 гектар майдони агроҷангал ташкил шавад.
Директори лоиҳаи «Бунёди ҷангал ва агроҷангал барои мубориза бо биёбоншавӣ ва афзоиши даромади мардум дар Тоҷикистон»-и Хадамоти ҷангали Корея Сонг Кёнгҳо гуфт, ки мақсади асосии барнома — нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи Тоҷикистон мебошад.
Бояд иброз намуд, ки Тоҷикистон минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст. Аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд. Вазифаи дар назди кормандони соҳаи ҷангал, сохторҳои дигари соҳа ва аҳолии мамлакат гузошта низ, пеш аз ҳама, бунёд ва барқарор сохтани ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо мебошад, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад.
Тавре директори Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал Нуралӣ Ҳусейнов иброз намуд, дар мамлакати мо манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёд буда, ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ҳифзи ҷангалзор сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера, ба амал омадани эрозияи хок, ки боиси ба вуҷуд омадани биёбон мегардад, албатта, ба фаъолият ва устувории ҷангалзор вобастагӣ дорад. Аз ин хотир баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба ҳифзу нигоҳдошти ҷангал мусоидат мекунад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик изҳор намуд, ки шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ба зебою сарсабз гардидани муҳити атроф месоидат менамояд. Инчунин онҳо пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, нигоҳ доштани вазъи муътадили ҳавои атмосфера, нигоҳдории тавозуни устувори табиӣ ва идоракунии оқилонаи олами набототро таъмин менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Ин барнома дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён дошта буданд, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххаси барнома ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди мамлакат, шинонидан ва парвариши дарахту буттаҳо дар ҳудуди ҳар маҳаллаю ҷамоат, идораҳои маъмурӣ, новобаста аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, заминҳои фонди давлатии ҷангал, шафати шоҳроҳҳо, роҳҳо, соҳили дарёҳо ва қад-қади ҷӯйборҳо равона гардидааст.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамзамон устодону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур иштирок намуда, бо роҳу усулҳои барқароркунии ҷангалзор дар талу теппаҳо ва агроҷангал, ки ба ҳифзи хок аз шусташавӣ, дигаргун кардани омилҳои табиӣ таъсир расонида, ба шамолу бориш ва бодлесиҳо таъсир мерасонанд, шинос шуданд.
Ба андешаи мудири кафедраи хоҷагии ҷангали ин донишгоҳ Зафар Холов, донишҷӯён дар ин гуна маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, бо роҳу усулҳои барқарорсозии ҷангал дар нишебиҳо шинос мешаванд.
«Бо иштирок дар ин гуна ҳашарҳо донишҷӯёни кафедра барои худ маълумоти зиёд дастрас менамоянд. Аз ҷумла, дар ин ҷо онҳо корҳои амалӣ иҷро намуда, роҳу усулҳои гуногуни шинонидани дарахтро меомӯзанд. Масалан, шинонидани дарахтон ба тарзи омехта ва гурӯҳиро меомӯзанд, ки бо чунин тарз бунёд кардани ҷангалзор ба нашъу намои дарахтон мусоидат мекунад. Ҳамзамон дар ин маърака онҳо тарзи шинонидани дарахтон ва тарзи кандани чуқурӣ, интиқол додани ниҳол ва обдиҳии онро меомӯзанд», — гуфт ӯ.
Бояд таъкид намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли равон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ин барнома тасдиқ гардид. Мақсади асосии барнома — нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»