Кумакҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиии дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел кумакҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод фиристода шуданд.
Аз рӯзҳои нахустини ба амал омадани заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва тадбирҳои расонидани кумакҳои фаврӣ ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Аз ҷумла, 15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо, иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуда буд.
Ҳамзамон 17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминларза, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёрию ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб намуданд, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологии минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд. Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ бояд бемонеа идома ёбад.
Бояд гуфт, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати инсондӯстонаашон бармеояд, барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт расонидани кумакҳои ҳамаҷонибаи фаврӣ идома дошта, бунёди манзилҳои истиқоматии пурра харобгардидаи сокинони ду ноҳия оғоз гардидааст ва ба сокинони манзилҳои истиқоматияшон қисман зарардида тамоми масолеҳи сохтмонӣ кумак карда шудааст. Ҳамзамон дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми зарардидагони эҳтиёҷманд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, бо хаймаҳо, ашёи рӯзгор ва маводи хӯрокворӣ таъмин карда шудаанд.
Кумакҳо дар ҳаҷми зарурӣ иборат аз семент, хишт ва тахта давоми рӯз ба минтақаҳои зарадидаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дастрас карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар километри 160-уми самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 21-уми самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
АКС: АМИТ «Ховар»


















«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






