Марзҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии созанда табдил меёбанд

ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Осиёи Марказӣ минтақае мебошад, ки бо таърихи қадим, фарҳанги ғановатманд ва мардуми меҳмоннавозаш шинохта шудааст. Минтақаи мазкур давоми асрҳо макони зисти халқҳои гуногун будааст. Ин халқҳо, ки бо забон, урфу одат ва анъанаҳои худ фарқ мекунанд, бо вуҷуди ин, тавассути риштаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳам пайвастанд. Намунаҳои зиёди дӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ дар осори адабиёти классикӣ, фолклор ва анъанаҳои мардумӣ мавҷуд ҳаст. Достонҳои қаҳрамонӣ, сурудҳои лирикӣ ва афсонаҳои пурҳикмат нишони муносибатҳои наздики байни халқҳо мебошанд. Ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобил ва омодагӣ ба дастгирии ҳамдигар аз ҷузъҳои муҳими фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ мебошанд.
Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ки таърихи муштарак, фарҳанг ва арзишҳои умумӣ доранд, дар марҳилаи муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамгироӣ қарор доранд. Равандҳои охир дар ҳамкории минтақавӣ нишон медиҳанд, ки ин кишварҳо омодаанд якҷоя ба сӯи ояндаи нек ва шукуфон қадам гузоранд. Дар тамоми марилаҳои ин дастоварди нодири дипломатии сатҳи ҷаҳонӣ нақш ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосӣ мебошад.
Вохӯрии охири сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд на танҳо рӯйдоди сиёсии муҳим, балки тақвияти робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии решадор байни ин се давлати ҳамҷавор мебошад. Ин мулоқот дар яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ- шаҳри Хуҷанд, ки солҳои зиёд шоҳиди ҳамзистиву ҳамкории мардумони минтақа будааст, баргузор гардида, бори дигар аҳамияти ҳамсоядории нек ва зарурати таҳкими дӯстиро дар шароити кунунӣ собит намуд. Равобит байни Душанбе, Бишкек ва Тошканд, ки бар пояи эҳтироми тарафҳо, манфиатҳои умумӣ ва риштаҳои ногусастании таърихиву фарҳангӣ бино ёфтаанд, имрӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид мешаванд. Ҳамкории амиқ ва ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон на танҳо ба рушди устувори иқтисодии кишварҳо, балки ба таҳкими сулҳ ва субот дар минтақа низ мусоидат мекунад. Дӯстӣ ва ҳамгироии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон намунаи равшани ҳамкории созандаи минтақавӣ мебошад. Ин раванд метавонад ба таҳкими сулҳ, субот ва шукуфоии тамоми Осиёи Марказӣ ва минтақа мусоидат намояд.
Зимнан, мардумони тоҷик, қирғиз ва Узбек садсолаҳо ин ҷониб паҳлуи ҳам зиндагӣ карда, дар шодиву ғам шарик будаанд. Роҳи бузурги Абрешим, ки аз сарзамини ин кишварҳо мегузашт, на танҳо ба рушди тиҷорат, инчунин ба табодули фарҳангу дониш ва омезиши тамаддунҳо мусоидат намудааст. Шаҳрҳое, чун Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Ӯшу Фарғона марказҳои илму фарҳанги муштарак буданд, ки дар онҳо намояндагони миллатҳои гуногун зиндагӣ ва эҷод мекарданд.
Эътиқоду бовариҳои ягона, ҷашни Наврӯз, анъанаҳои муштараки оиладорӣ, меҳмоннавозӣ, таомҳои миллӣ ва мусиқиву адабиёти ба ҳам наздик аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ин се халқро бо ҳам мепайванданд. Ҳарчанд забонҳо гуногунанд, аммо табодули луғавӣ ва фарҳангӣ ба ҳадде будааст, ки ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи мардумӣ ҳамеша вуҷуд дошт.
Даврони Шуравӣ, бо вуҷуди ҷанбаҳои мураккабу баҳсбарангезаш, бахусус дар масъалаи таъйини сарҳадҳо фазои муайяни ҳамзистиро низ ба вуҷуд оварда буд. Инфрасохтори ягонаи иқтисодӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ, системаи ягонаи таълим ва робитаҳои инсонӣ дар ин давра ташаккул ёфта, барои ҳамкории баъдӣ заминаи муайян гузоштанд.
Бо вуҷуди ин, дарки аҳамияти ҳамсоядории нек ва зарурати ҳалли мушкилот тавассути муколама ҳамеша вуҷуд дошт. Дар солҳои охир, бахусус бо тағйироти сиёсӣ дар кишварҳо фазои ҳамкории минтақавӣ ба таври назаррас беҳтар гардид. Сарони давлатҳо ба таври мунтазам мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба (дар чаҳорчӯби созмонҳое, чун Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра) анҷом медиҳанд, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрам ва таҳкими ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Имрӯз ҳамкории Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон соҳаҳои мухталифро дар бар мегирад.
Сиёсат ва амният: Ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои минтақавӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамкорӣ дар масъалаи таъмини субот дар Афғонистон низ аз самтҳои муҳим аст.
Иқтисод ва тиҷорат: Ҳарсе давлат дорои иқтидори бузурги транзитӣ мебошанд. Рушди долонҳои нақлиётӣ, афзоиши ҳаҷми савдои мутақобил, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармоя метавонад ба рушди иқтисодии ҳарсе давлат такони ҷиддӣ бахшад. Соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва саноат низ дорои имконияти васеи ҳамкорӣ ҳастанд.
Захираҳои об ва энергетика: Истифодаи оқилона ва одилонаи захираҳои обии фаромарзӣ (дарёҳои Сир ва Ому) барои ҳарсе давлат ҳаётӣ мебошад. Ёфтани роҳҳои ҳалли мутақобили судманд дар ин самт, ки манфиатҳои кишварҳои болооб (Тоҷикистон, Қирғизистон) ва поёноб (Узбекистон)-ро ба инобат гирад, калиди суботи дарозмуддат дар минтақа аст.
Фарҳанг ва робитаҳои инсонӣ: Таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, баргузории рӯзҳои фарҳанг, фестивалҳои муштарак, табодули донишҷӯён ва рушди сайёҳӣ ба бештар наздик шудани халқҳо мусоидат менамоянд. Мардумони одӣ низ тавассути рафтуомад ва тиҷорати наздисарҳадӣ риштаҳои дӯстиро мустаҳкам менамоянд.
Вохӯрии сарони давлатҳо дар Хуҷанд қадами дигаре дар роҳи таҳкими шарикии стратегӣ ва ҳамсоягии нек буд. Ин гуна мулоқотҳо имкон медиҳанд, ки масъалаҳои муҳим дар сатҳи олӣ баррасӣ шуда, барои ҳалли онҳо иродаи сиёсӣ зоҳир гардад.
Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба ҳам сахт пайвандӣ доранд. Рушду суботи ҳар яке аз ин давлатҳо ба вазъи умумии минтақа таъсири мусбат мерасонад. Бо такя ба риштаҳои қавии таърихиву фарҳангӣ, эҳтироми тарафҳо ва дарки манфиатҳои умумӣ ҳарсе давлати ҳамсоя метавонанд дар ҳалли проблемаҳои муосир муваффақ шуда, барои наслҳои оянда минтақаи амн, босубот ва шукуфонро ба мерос гузоранд. Роҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки реша дар умқи таърих дорад, имрӯз бо қадамҳои устувор идома дорад ва мулоқоти Хуҷанд далели равшани ин гуфтаҳо аст.
Имзои “Эъломияи Хуҷанд” санади муҳими таърихӣ миёни ин давлатҳо буда, дӯстии абадӣ миёни ин се кишвари ҳамсояро баён мекунад. Ин Эъломия, ки дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон 31 марти соли 2025 аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расида, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро фаро мегирад. Дар эъломия ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ҳамчунин оид ба ҳалли мушкилоти сарҳадӣ низ таъкид шудааст. Аҳамияти ин санад дар он аст, ки он заминаи мустаҳкамро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо байни се давлати Осиёи Марказӣ фароҳам меорад. Эъломия дар таҳкими сулҳ, субот ва ҳамкории минтақавӣ қадами муҳим арзёбӣ мешавад.
Дӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ на танҳо мероси таърихӣ, балки ояндаи муштараки мост. Бо таҳкими ин дӯстӣ мо метавонем минтақаи осоишта, шукуфон ва устувор бунёд намоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд, ки “…мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем. Боварӣ дорам, ки аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт…”.
Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо мушкилоти гуногун рӯбарӯ аст, таҳкими дӯстии халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хосса пайдо менамояд. Ҳамкории муштарак дар соҳаҳои иқтисод, амният, фарҳанг ва экология метавонад ба рушди устувори минтақа ва беҳбуди мардум мусоидат карда, дар ҳалли низоъҳои ҷаҳонӣ чун намуна хизмат намояд.
Файзиддин РАҶАБАЛИЕВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон