Масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ҳасан Таҳсин ба масъалаи тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, хатари офатҳои табиӣ ва дигар мушкилоти вобаста ба он таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот инчунин маблағгузории насби сенсорҳои зилзиласанҷӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои зилзилахези ҷумҳурӣ, ки дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ PREPARED ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ гардид. Яке аз самтҳои асосии ин лоиҳа ҳолатҳои фавқулодаи табиие мебошанд, ки дар раванди обшавии пиряхҳо рух медиҳанд.
Президенти Академияи миллии илмҳо ба Бонки ҷаҳонӣ барои тавваҷуҳ ба соҳаи илм ва дастгирии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ миннатдорӣ баён карда, барои амалӣ намудани ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






