МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли тамашк дилро қавӣ гардонида, барои харобшавӣ кумак мерасонад

Апрель 13, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 13.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тамашк меваи серғизо буда, таркибаш аз глюкоза, фруктоза, пектоза, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои С, А, В, РР иборат аст. Истеъмоли он дилро қавӣ гардонида, барои харобшавӣ кумак мекунад ва бахусус барои занони ҳомиладор меваи зарурӣ аст. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Таркиби он аз нахҳои растании ғизоӣ, аз ҷумла ғизои ҳазмнашаванда, микроэлементҳои магний, калий ва витаминҳо бой аст. Ин буттамева хусусияти аспиринмонанд дошта, хунро тунук мекунад ва қобилияти зиддиилтиҳобӣ ва табшиканӣ дорад. Аз ин рӯ чой ё шарбати тамашк махсусан барои одамон бо хатари тромбоз, бемориҳои илтиҳоби буғуму рагҳо, гулӯдард (ангина), уфунати шадиди вирусии респираторӣ бо таби баланд хеле муфид аст.

Тавре  маҷаллаи амрикоӣ  «The American Journal of Clinical Nutrition» нашр намудааст, «истеъмоли маҳсулоти ғанӣ аз флавоноидҳо, ки тамашк бо онҳо дохил аст, хатари марг бинобар бемории системаи дилу рагҳоро коҳиш медиҳад».

Инчунин тамашк дорои кислотаи фолий аст. Аҳамияти кислотаи фолий ба организми занҳои ҳомила ва ё занҳое, ки ҳомиладор шудан мехоҳанд, хеле фоидаовар аст. Ин мавод рушди солими кӯдакро таъмин намуда, пайдоиши нуқсҳои модарзодиро пешгирӣ мекунад. Ба тавсияи мутахассисон, истеъмоли он кори рӯдаро муътадил намуда, масири рӯдаю меъдаро тоза мекунад, холестеринро нобуд карда, сатҳи инсулинро дар хун муътадил месозад.

Аз меваи тамашк мураббо, шарбат, мармалод, обмева, маҳсулоти гуногуни қаннодӣ ва ҳар гуна нӯшокӣ тайёр менамоянд. Мураббо ва нӯшобаи тамашк ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва илтиҳобӣ (бронхит, дарди гулӯ, фарингит, илтиҳоби шуш) чун давои арақовар ва табшикан истифода мегардад. Дар тибби халқӣ барои муолиҷа мева, барг ва гули тамашкро истифода мебаранд. Тамашк воситаи хуби арақовар мебошад. Аз тамашк бештар чой дам карда, ҳамчун давои арақрон менӯшанд. Дар натиҷа одам арақи бисёр карда, сабук мешавад. Хусусияти арақронии тамашк барои ашхоси гирифтори бемории гипертония муфид аст, зеро ҳангоми арақ кардан аз организм намаки бисёр хориҷ мегардад. Дар таркиби тамашк ҳамчунин йод мавҷуд аст, ки барои пешгирии атеросклероз ва ихтилоли фаъолияти дил нафъ дорад. Ҳангоми бемории диабети қанд оби тамашк ва компоти беқанди он муфид аст. Тамашк дар тибби муосир ба сифати воситаи парҳезӣ, зиддиилтиҳобӣ, табшикан ва арақовар ба кор бурда мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 13, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»