Модарони Файзобод бо дуо ва суханҳои нек муҳофизони Ватанро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ФАЙЗОБОД, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, ки зимни он зиёда аз 80 нафар ҷавонони синни даъватӣ бо дуои неки падару модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ шароити беҳтарини маишиву моддӣ муҳайё гардида, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба барои баланд бардоштани малакаи ҳарбию ҷисмонии сарбозон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию садоқат ба Ватан фаъолияти босамар менамоянд.
Хизмат ба Ватан бояд барои ҳар ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намудан қарзи ҳар ҷавонмарди ин миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорату мардонагӣ мебошад. Хушбахтона, ҷавонони бонанги ноҳияи Файзобод моҳияти ин суханҳоро дарк намуда, барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – Модар ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд.
Убайдулло Зоиров — бобои давъватшаванда Дилшод Зоиров аз деҳаи Сари чашмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон иброз дошт, ки «солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Барои мисол, ду сол пеш ман ду набераамро бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ равона кардам. Онҳо дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон адои хизмат намуда, бо сари баланд ба хона баргаштанд. Имрӯз набераам Дилшодро, ки дар тарбияи ман аст, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ гусел намудам. Бояд гуфт, ки ҳоло дар қисмҳои низомии мамлакат беҳтарин шароит муҳайё гардида, фарзандони мо хуб обу тоб ёфта, ба Ватан хизмат менамоянд. Ман боварӣ дорам, ки набераи ман дар беҳтарин шароит хизмати Ватан-Модарро адо намуда, сарбаландона ба деҳаамон боз мегардад. Мо бояд фарзандони хешро барои ҳифзи Ватан, номус ва обрӯи давлату миллат тарбия намоем ва онҳоро ба сафи Артиши миллӣ гусел карда, вазифаи шаҳрвандиямонро иҷро намоем. Мо набояд ба мисли баъзе одамон фарзандони худро аз хизмати Ватан гурезонида, ба хориҷи мамлакат фиристем. Ватанро бояд дӯст дорем ва ҳамеша дар ҳифзи он омода бошем».
Имсол аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар ҷавонони синни даъватӣ даври омӯзиши ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба Артиши миллӣ ҷалб гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






