Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Барномаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC)» ҷаласаи 6-уми гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа намояндагони 10 давлат- Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Покистон ва Чин иштирок намуда, доир ба ҳамкории минтақавии иқтисодӣ ва таъмини бехатарӣ дар самти тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни ҷаласа таҷрибаи давлатҳои иштирокчӣ оид ба чорабиниҳо ва ташаббусҳо дар самти пешгирӣ ва кам намудани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ баррасӣ гардид.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид






