Ноҳияи Вахш дар рӯзи аввал нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон маросими ботантанаи гусели баҳории ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рӯзи аввал дар ноҳия нақшаи даъвати баҳорӣ пурра иҷро карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш иттилоъ медиҳад, дар ин рӯз чун анъана маросими мардумии «Нонгазон» аз ҷониби модарони даъватшудагон доир шуд.
Раиси ноҳияи Вахш иброз дошт, ки «яке аз рукнҳои асосии ҳар давлати мустақилу озод Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, ба ҳайси Сардори давлат дар қатори аввалин санадҳо 18 декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд».
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии мамлакат табдил ёфтааст. Ҳукумати мамлакат ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва бо онҳо ифтихор доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






