Оид ба татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба «Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирии экстремизм ва терроризм ва татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар конфронс роҳбарият ва кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, олимону коршиносон, ходимони дин ва шарикони рушд ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ сухан намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи конфронс баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи хатару таҳдидҳои нав вобаста ба экстремизму терроризм мебошад. Иштирокдорони конфронс хулосаҳо ва тавсияҳояшонро барои тақвияти чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд, ки дар таҳияи минбаъдаи барномаҳои давлатӣ дар самти баррасишаванда истифода мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани конфронсу ҳамоишҳо ва чорабиниҳои дигари иттилоотию фаҳмондадиҳиро бо ҷалби олимону коршиносон, зиёиёни эҷодкор, мақомоти давлатии масъул, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегузаронад. Самти асосии он ба пешгирии экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир нигаронида шудааст.
Тоҷикистон мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосирро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ эътироф намудааст.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






