«ОИЛАИ БЕҲТАРИН». Ин озмун дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия хабар доданд.
Иброз гардид, ки таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва дастгирии оилаҳо самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ солҳои охир шумораи озмунҳои маърифатӣ бештар гардида, бо мақсади таҳкими арзишҳои миллӣ ва маънавии зиндагии оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ гузаронида мешавад.
Дар озмун оилаҳое, ки дар ноҳия бо маҳорати идоракунии рӯзгор, тарбияи дурусти фарзандон ва риояи арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ намунаи ибрат ҳастанд, байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа беҳтарин оилаҳо интихоб ва бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаҳои муҳаббату эҳтироми якдигар, баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои оила дар иҷрои рисолати иҷтимоишавии шахс дар муҳити оила, пешгирии пошхӯрии оила, махсусан оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, пешгирии ҳолатҳои дахолати беасоси шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ гузаронида мешавад.
Озмун аз се давр иборат буда, ҳамасола давоми моҳҳои апрел ва май дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






