Омӯзгори тоҷик ғолиби Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё — 2025 гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори тоҷик Хусрав Раҷабзода дар Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё — 2025 аз рӯйи номинатсияи «Беҳтарин эссе ва беҳтарин кори илмӣ-таҳқиқотӣ» дар мавзуи «Тамоюлҳои муосири иҷтисодии ҷаҳон» сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Форум аз 21 то 25 апрел дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия бо иштироки беш аз 20 ҳазор намояндагони зиёда аз 116 давлати дунё баргузор гардид.
Дар доираи Форуми иқтисодии ҷавонони Авруосиё — 2025 маърузаҳои кушод, озмуну мусобиқаҳо, дарсҳои маҳорат, ҳамоиш ва дигар чорабиниҳо баргузор гардиданд.
Дар форум омӯзгори фанни ҳуқуқи Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» фаъолона иштирок намуда, ғолиб омад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






