Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Чин табодули таҷриба менамоянд

Апрель 15, 2025 10:06

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Коллеҷи касбии Линии Ҷумҳурии Мардумии Чин такмили ихтисос менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Барномаи омӯзишӣ усулҳои муосири таълим, равишҳои инноватсионӣ дар раванди таълим ва идоракунии муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад. Муддати се моҳ омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар даврҳои омӯзишӣ ва платформаҳои мубоҳисавӣ иштирок намуда, мубодилаи донишу таҷриба менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалии таълимӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо беш аз 155 муассисаи таҳсилоти олӣ ва ташкилоти хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Шартномаҳои ҳамкорӣ ба такмили малакаҳои касбии омӯзгорон, рушди иқтидори илмии донишгоҳ ва татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи таълимӣ мусоидат менамоянд.

Иштироки омӯзгорон дар чунин ташаббусҳо мавқеи донишгоҳро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуда, барои рушди донишҷӯён ва омӯзгорон имконияти нав фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 

 

Апрель 15, 2025 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад