ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имкони баромадан аз гурӯҳро дорад

Апрель 9, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 аз ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бо вуҷуди мағлубият дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳанӯз имкони баромадан аз гурӯҳро дорад. Барои ин дастаро зарур аст, ки дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ ба муқобили тими Эрон, ки 11 апрел баргузор мешавад, ғолиб ояд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали Ҷоми Осиё-2025 наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Уммонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 9, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд