Паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо пирӯзии паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия хотима ёфт.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 100 варзишгар аз 25 давлат дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 кг, +95 кг байни мардон ва дар вазни то 70 кило байни занон бо ҳам рақобат карданд.
Байни мардон дар се вазн паҳлавонони тоҷик – Суҳроб Боқиев дар вазни 65 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни 78 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг ғолиб шуданд. Дар финал Суҳроб Боқиев бар Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон), Маҳмадшариф Наҷмиддинов бар Умед Эсанов (Узбекистон) ва Шакармамад Мирмамадов бар Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон) пирӯз шуданд. Дар як вазни дигар байни мардон- дар вазни 95 кг паҳлавон аз Узбекистон Ҷонибек Қазоқов ғалаба кард. Вай дар даври ниҳоӣ ба Ҳусейн Холмурзоев аз Русия дастболо шуд.
Дар байни занон Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳиби медали тилло шуд. Рақибаш дар финал Ганболд Гантсетсег аз давлати Муғулистон аз сабқат даст кашид.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки соли 2024 корномаи варзишияшро дар риштаи гӯштини ҷудо ба анҷом расонида буд, дубора ба майдон баргашт. Аммо ӯ дар дуюмин рақобаташ дар ин мусобиқа аз Ҷонибек Қазоқови узбекистонӣ шикаст хӯрд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 110 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Ба ғолибони ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-долларӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Мусобиқаи панҷуми байналмилалии гӯштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» беш аз 200 варзишгар аз 40 давлат иштирок намуданд. Мардон аз рӯи панҷ вазн ва занон аз рӯи ду вазн байни ҳам рақобат карданд. Байни мардон дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик — Шаҳбоз Саидаброров дар вазни 65 кг, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни 78 кг ва Умар Расулов дар вазни 86 кг ғолиб шуданд. Дар вазни +86 кг паҳлавон аз Узбекистон Шермуҳаммад Ҷондреев пирӯз гардид. Дар байни занон Ли ван Тин аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вазни то 57 кило ва Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳиби медалҳои тилло шуданд.
Ғолибони шашумин Мусобиқаи байналмилалии гӯштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар соли 2025
Вазни 65 кг
- Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
- Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)
- Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон)
- Муслимбек Каримов (Тоҷикистон)
Вазни 78 кг
- Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон)
- Умед Эсанов (Узбекистон
- Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)
- Аҳрор Зиёдуллоев (Тоҷикистон)
Вазни 95 кг
- Ҷонибек Қазоқов (Узбекистон)
- Ҳусейн Холмурзоев (Русия)
- Бека Гвиниашвили (Гурҷистон)
- Озаранг Содиқ (Эрон)
Вазни +95кг
- Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
- Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
- Ҷавод Муродӣ (Эрон)
- Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
Вазни 70 кг
- Алёна Прокопенко (Русия)
- Ганболд Гантсетсег (Муғулистон)
- Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
- Ажар Исоева (Қирғизистон)
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






