Паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе гардиданд

Апрель 28, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 28.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар  Қасри тенниси  шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ  дар сатҳи баланд баргузор гардида,  бо пирӯзии паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия хотима ёфт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ  беш аз 100 варзишгар аз 25  давлат  дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 кг, +95 кг байни мардон ва дар вазни то 70 кило  байни  занон бо ҳам  рақобат карданд.

Байни мардон дар се вазн паҳлавонони тоҷик – Суҳроб Боқиев  дар вазни 65 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов  дар вазни 78 кг ва Шакармамад Мирмамадов  дар вазни +95 кг  ғолиб шуданд. Дар финал Суҳроб Боқиев бар Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон), Маҳмадшариф Наҷмиддинов бар Умед Эсанов (Узбекистон) ва Шакармамад Мирмамадов бар Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон) пирӯз шуданд. Дар як вазни дигар байни мардон-  дар вазни 95 кг паҳлавон аз Узбекистон Ҷонибек Қазоқов ғалаба кард. Вай дар даври ниҳоӣ ба Ҳусейн Холмурзоев аз Русия  дастболо шуд.

Дар байни занон Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳиби медали тилло шуд. Рақибаш дар финал Ганболд Гантсетсег аз давлати Муғулистон аз сабқат даст кашид.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки соли 2024 корномаи варзишияшро дар риштаи гӯштини ҷудо ба анҷом расонида буд, дубора ба майдон  баргашт. Аммо ӯ дар дуюмин  рақобаташ дар ин мусобиқа аз Ҷонибек Қазоқови узбекистонӣ шикаст хӯрд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 110 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Ба ғолибони ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-долларӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Мусобиқаи панҷуми байналмилалии гӯштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»  беш аз 200 варзишгар аз 40  давлат  иштирок намуданд. Мардон аз рӯи панҷ вазн ва занон аз рӯи ду вазн  байни ҳам рақобат карданд. Байни мардон дар чаҳор вазн паҳлавонони тоҷик — Шаҳбоз Саидаброров  дар вазни 65 кг, Мирзоҷамил Рамазонов  дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни 78 кг  ва  Умар Расулов дар вазни 86 кг  ғолиб шуданд. Дар вазни +86 кг  паҳлавон аз Узбекистон Шермуҳаммад Ҷондреев пирӯз гардид. Дар байни занон Ли ван Тин аз   Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вазни то  57 кило ва Алёна Прокопенко аз Русия дар вазни то 70 кило соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Ғолибони  шашумин  Мусобиқаи  байналмилалии гӯштигирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар соли 2025

Вазни 65 кг

  1. Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
  2. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)
  3. Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон)
  4. Муслимбек Каримов (Тоҷикистон)

Вазни 78 кг

  1. Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон)
  2. Умед Эсанов (Узбекистон
  3. Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)
  4. Аҳрор Зиёдуллоев (Тоҷикистон)

Вазни 95 кг

  1. Ҷонибек Қазоқов (Узбекистон)
  2. Ҳусейн Холмурзоев (Русия)
  3. Бека Гвиниашвили (Гурҷистон)
  4. Озаранг Содиқ (Эрон)

Вазни +95кг

  1. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
  2. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
  3. Ҷавод Муродӣ (Эрон)
  4. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)

Вазни 70 кг

  1. Алёна Прокопенко (Русия)
  2. Ганболд Гантсетсег (Муғулистон)
  3. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
  4. Ажар Исоева (Қирғизистон)

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд