Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ташхиси ройгон гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 апрел аз соати 08.00 то 12.00 дар тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакат, аз ҷумла дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо машварат ва ташхису муоинаи ройгони шаҳрвандон (ба истиснои ташхису табобати гаронарзиш) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Машварат ва ташхису муоинаи ройгони шаҳрвандон ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ (7 апрел) бахшида мешавад.
5 апрел ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши сатҳи баланди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат баргузор мегардад. Дар ин муассиса аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ баргузор мешаванд.
Тавре аз Маркази ҷумҳуриявии «Ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин рӯз аз ҷониби кормандони марказ ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемориҳои мавсимӣ тақсим мешаванд.
Аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки дар ин ҳамоиш иштирок намуда, бо истифода аз имконият ва шароити мусоид вазъи саломатияшонро боз ҳам беҳтар намоянд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори «Оғози солими ҳаёт — гарави ояндаи накуфарҷом» гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






