Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд

Апрель 3, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 184 лоиҳа мавриди татбиқ қарор гирифтааст, ки маблағи умумии онҳо ба беш аз як миллиард доллар мерасад. Ин лоиҳаҳо асосан дар самтҳои таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳаҳои нақлиёту энергетика татбиқ мегарданд.

Лоиҳаҳои марбут ба таъмини аҳолӣ бо об ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ аз бахшҳои дигари ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд арзёбӣ гардида, алоқамандии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ таъкид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҳамкорӣ бо бонкро баланд арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо назардошти таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити кунунӣ басо муҳим мебошад.

Зарурати густариши ҳамкорӣ барои идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тобовар намудани иқтисодиёти Тоҷикистон ба хатарҳои имрӯза ва ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзноки шарикони рушд таъкид гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар доираи “рӯзномаи сабз” минбаъд тақвият меёбад.

Мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо 03.04.2025

Апрель 3, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар