Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суръати рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Шавкат Мирзиёев бори дигар аз таассуроташон аз чорабиниҳои чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, ба ҷараён ва натиҷаҳои онҳо баланд доданд.
Аз имзои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва бори дигар аҳамияти он дар рушди ҳамкории байнидавлатӣ таъкид гардид.
Ба масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, татбиқи имконоти содиротиву сармоягузорӣ ва вусъати робитаҳои байни минтақаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак гуфтугӯи судманд сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






