РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГЕМОФИЛИЯ. Омилҳои пайдошавии ин беморӣ кадомҳоянд?

Апрель 17, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Рӯзи ҷаҳонии гемофилия  дониста мешавад. Ин сана аз ҷониби Федератсияи ҷаҳонии гемофилия ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод гардида, ҳадаф аз он ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба мушкилоти ин беморӣ ва васеъ намудани имконият барои беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони  он  мебошад.

Соли 1936 аз тарафи олимони аврупоӣ Патек ва Стетсон муайян гардид, ки сабаби пайдошавии гемофилия- ин паст шудани миқдор ва фаъолиятнокии фактори VIII ва IX системаи лахташавии хун мебошад.  Аз рӯи ҳисобҳои омории ҷаҳон, аз ҳар даҳ ҳазор тифли нав бадунёомада як писар мубталои чунин беморӣ шуда метавонад.  Гемофилия се намуд дорад: «А», «В» ва «С».

Гемофилия бемории ирсие аст, ки аз норасоии фактори 8-ум ва 9-уми хун ба амал меояд. Ашхоси  мубталои он аз ҷиҳати хунравӣ дар буғумҳо ҳамеша азият мекашанд, чунки қобилияти  шахшавии хунашон хеле суст мебошад. Касоне, ки мубталои ин беморӣ ҳастанд, ба гурӯҳи беморони ҳаёташон зери хатар дохил мешаванд.

Олимон аввалин маротиба дар ибтидои асри 18 муайян намуданд, ки ин беморӣ на танҳо дар падарон дида мешавад, балки ба писаронашон низ мегузарад. Ин беморӣ ирсӣ буда, сабаби он норасоии омили лахтабандии хун дар бадан мебошад.

Ба иттилои табибон, занҳое, ки падаронашон гирифтори хунравии давомнок буданд, новобаста ба солим будани  шавҳарҳояшон интиқолдиҳандаи ин беморӣ ба писаронашон мешаванд.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари Ташкилоти  ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷиб Азизӣ иброз дошт, дар ҷаҳон беш аз 600 ҳазор бемори гирифтори гемофилия ба қайд гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон 820 нафар гирифтори  ин беморӣ буда, аз он 376 нафарашон кӯдакон мебошанд. Инчунин дар семоҳаи аввали имсол 5 кӯдаки гирифтори ин беморӣ сабт гардидааст.

«Роҳҳои асосии табобати гемофилия- ин барқарор намудани норасоии факторҳои лахташавӣ дар зардоби хун мебошад. Дар айни замон барои табобати гемофилия консентрати факторҳои лахташавии хун истифода бурда мешавад. Зеро истифодаи онҳо сабаби хуб шудани сифати табобат мегардад», -иброз дошт мутахассис.

Ба андешаи Наҷиб Азизӣ, ба бемории гемофилия танҳо мардон гирифтор мешаванд. Занон дар ҳолате мубталои ин беморӣ мешаванд, ки агар падар гирифтори ин беморӣ ва модар интиқолдиҳандаи он бошад. Вале чунин ҳолатҳо хеле кам ба қайд гирифта шудаанд. Агар падар гирифтори бемории гемофилия ва модар солим бошад, ягон писари онҳо мубталои ин беморӣ намешавад. Мардони мубталои бемории гемофилия гени хешро танҳо ба духтарон медиҳанд ва ҳамаи духтарони онҳо интиқолдиҳандаи гени маҷруҳ мегарданд.

«Занҳое, ки дорои чунин ген ҳастанд, минбаъд интиқолдиҳандаи ин беморӣ мешаванд. Дар онҳо метавонад нишонаҳои беморӣ пайдо нашавад, вале онҳо интиқолдиҳандаи беморӣ ба фарзандон мегарданд. Дар ин вақт эҳтимол аст, ки писарон 50 фоиз гирифтори бемории гемофилия ва духтарон 50 фоиз интиқолдиҳандаи минбаъдаи   гемофилия шаванд. Ҳарчанд ки духтарон солим ба воя мерасанд»,- мегӯяд Наҷиб Азизӣ.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон ба таври ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Апрель 17, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад