Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба муносибати 80-солагии Ғалаба иштирок намуданд

Апрель 18, 2025 18:06

ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи тантанавиро Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҳусни оғоз бахшида, сипас зери оҳанги мутантан ба толор нусхаи Парчами Ғалаба ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамтоёни худ ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 80-солагии Ғалаба самимона табрик намуда, таҷлили ин санаро аз анъанаҳои муҳими таърихии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намунаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи муштараки сулҳ дар саросари олам номиданд.

Таъкид карда шуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба рафта, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар ин ҷанг ҳалок гардиданд.

Тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои  минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд.

Ҷанговарони тоҷик дар ҳама муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне мудофиаи Москва, қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо, инчунин дар муҳорибаҳои шадиди  занҷираи Курск ва озод кардани Ленинград  аз муҳосира ҷоннисорона  иштирок карданд.

Дар баробари ин, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд шабу рӯз заҳмат кашида, ҳамаи захираҳои мавҷудаи моддию техникӣ ва инсониро барои таъмини  эҳтиёҷоти ҷабҳа сафарбар карда буданд.

Мардуми Тоҷикистон дар ҳамон солҳо бо вуҷуди дар шароити бисёр вазнин қарор доштан, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хатти ҷанг қарордошта қабул карда, нисбат ба ҳамаи онҳо ғамхорӣ зоҳир намуданд.

Бо ифтихору қаноатмандӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар қатори дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалабаи Бузург саҳми арзанда гузоштааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони ташкилоти собиқадорон, маъмурият шаҳри Санкт-Петербург ва Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом, ба иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиш дода шуд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2025 18:06

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд