Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода барои иштирок дар Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумони ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Ассамблеяи парлумонӣ ба ҳайатҳо имкон медиҳад, ки оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули таҷриба анҷом дода, иштироки парлумонҳоро дар татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 тавсеа бахшанд ва имконияти ҳамкориро барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






