Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ воқеан ҳам барои башарият имконияти мубодилаи дастовардҳо, рушди босуръати технологӣ ва афзоиши робитаҳои иқтисодии байни давлатҳоро ба маротиб боло бурд. Ҳамзамон ин имконот мушкилоти ҷиддиеро бахусус дар самти ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ба бор оварданд. Масъалаи ҳифз ва тақвият бахшидани пояҳои арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ имрӯз барои қисми зиёди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронкунанда мебошад.
— Арзишҳои миллӣ дорои хусусияти хоси худ буда, аз нигоҳи шароити ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ ва таърихии мавҷудияти ҳар мамлакат ва халқу қавмҳо ва ҷудоии онҳо аз якдигар фарқият доранд.
Дар ин раванди таърихӣ мубодилаи унсурҳои арзишҳои миллӣ дар байни гурӯҳҳои гуногуни этникӣ омили муҳими мавҷудият ва рушди онҳо мебошад. Ба ҳамин тариқ, арзишҳои миллии ҳар халқ давоми асрҳо шакл гирифта, ба унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ табдил меёбанд. Дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ва тағйироти куллӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад, зеро онҳо зарурат ба дарк ва таҷдиди назар доранд.
Халқи тоҷик аз даврони куҳан дорои мероси ғании маънавиёт ва фарҳангу маорифи бузург буд. Давоми асрҳо миллати тоҷик бо хислатҳои хоси худ, аз қабили инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, меҳрубонӣ аз бисёр қавму миллатҳо фарқияти калон дошт. Ин арзишҳо меҳвари тарбияи маънавӣ ва ахлоқии тоҷиконро ташкил дода, то имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта шудаанд.
Бесабаб нест, ки имрӯз ислоҳоти маънавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон шудааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи маориф», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳо» ва дигар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ба масъалаҳои забон, маънавият ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.
Давлат барои ба роҳ мондани сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ҳадафаш ҳифзи забон ва густариши адабиёти миллӣ аст, заминаи рушду такомули худшиносии миллиро фароҳам овардааст. Нашри китобҳо ва асарҳои адабиёти классикӣ ва муосир имкон дод, ки насли ҷавон бо мероси адабӣ ва фарҳангӣ шинос шавад ва ҳисси ифтихори миллӣ дар онҳо ташаккул ёбад. Натиҷаи ҳамин сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки забони тоҷикӣ имрӯз ҳамон мақомеро дарёфтааст, ки дар замони Сомониён дошт.
Истиқлоли миллӣ заминаи эҳё ва ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон гардид. Ҳифзи мероси таърихӣ низ аз дастовардҳои муҳими замони соҳибистиқлолӣ буда, бунёди осорхонаву китобхонаҳо, ёдгориҳо ва марказҳои фарҳангӣ на танҳо объектҳои таърихӣ ва фарҳангиро эҳё кард, балки мардумро бо таърихи бою ғанӣ ва куҳани худ шинос намуд. Ин муассисаҳо ба муҳаққиқон ва олимон имконияти васеъ доданд, ки тавассути омӯзиш ва таҳқиқи мероси гузашта арзишҳои миллиро таҷдиди назар намуда, онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
Ба рӯйхати ЮНЕСКО пазируфта шудани арзишҳои анъанавии миллӣ, аз ҷумла оши палав, қурутоб, мероси Мавлоно, мусиқиҳои Шашмақому Фалак, либоси миллии чакан, ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, муаррифи миллати тоҷик ва тамаддуни ориёӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин раванд нишон медиҳад, ки арзишҳои миллӣ на фақат ёдгории гузашта, балки унсури фаъол ва пешбарандаи ҷомеа ва хотира буда, дар рушди ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар замони муосир муҳим он аст, ки фарҳангу анъанаҳои миллиро ҳамаҷониба таблиғ намуда, онҳоро ба насли ҷавон омӯзонем ва гузаштаро бо имрӯз пайванд созем.
Парвина МУҲАММАДАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз муаллиф








РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад






