Раиси шаҳри Душанбе бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии рушд мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбари намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамоторо ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ибтидо муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ко Сакамотороро ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи Роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон табрик гуфта, дар фаъолияти пурмаҳсулашон дар роҳи таҳкиму густариши ҳамкорӣ байни Бонки Осиёии рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти рушди соҳаи нақлиёту энергетика, обтаъминкунӣ ва корез, иқтисоди «сабз», инчунин рақамикунонӣ табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе











Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






