Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ дар водии Рашт супориш доданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расондани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шавад.
Тибқи маълумоти то ин лаҳза дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






