Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд

Апрель 21, 2025 15:54

ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири кишвар  Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ,  фаъолияти ситоди ҷумҳуриявӣ ва қитъаҳои заминҳои нави ҷудогардида барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд.

Пас аз заминларзаи шадид дар таърихи 13-уми апрели соли 2025 бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуда,  дар навбати аввал аз аҳволи оилаҳои осебдида хабардор гардиданд ва ба зарардидагон дар нахустин рӯзҳои баъди офати табиӣ, кумакҳои аввалия иборат аз маҳсулоти хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ ва  ашёи рӯзгор расонида шуд.

Зимни шиносоӣ бо ҳолати қитъаи замини нав дар мавзеи Сабзазори Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ иттилоъ дода шуд, ки ин ҷо дар 12 садяк замин барои 30 оилае, ки хонаҳояшон пурра хароб гардидааст, хонаҳои чорҳуҷрагии нав бо тамоми шароит сохта мешаванд. Аллакай дар ин мавзеъ барои тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сохторҳои марбутаи соҳавӣ фаъолият намуда, корҳои тахту ҳамворкунӣ ва омодасозии қитъаи замин барои бунёди манзил  оғоз шудаанд.

Сарвазири мамлакат дар идомаи сафари корӣ ба маҳалҳое, ки дар онҳо заминларза ба вуқуъ омада буд, ташриф овард.  Зимни вохӯрӣ бо мардуми зарардида таъкид шуд, ки бо дастури Сарвари давлат ҳамаи хонаҳои вайрону валангоршуда бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ба масъулин ва сохтмончиён дастур дода шуд, ки ҳангоми бунёди хонаҳои нав ба истифодаи дурусти масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини устувории биноҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то ин хонаҳо солиёни дароз ба мардум хизмат кунанд.

Тибқи маълумот, бар асари заминларзае, ки 13 апрел дар ноҳияи Тоҷикобод ба амал омад, 33 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон ва 123 хона қисман зарар дида, ба 97 хонаи дигар осеби сабук ва ба 75 иншооти ёрирасон зарар расидааст.

Ҳамчунин 2 муассисаи таълимӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 беморхонаи минтақавӣ ва 1 маркази фароғатӣ зарар диданд.

Дар натиҷаи ин заминларза ба соҳаҳои хоҷагии роҳ, таъминоти барқ, шабакаҳои обёрӣ ва оби нӯшокӣ низ хисорот расидааст.

Бояд таъкид намуд, ки аз лаҳзаҳои аввалини баъди рух додани заминларза бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади муайян намудани хисороти расида аз оқибатҳои заминларза ва ташкили корҳои бартарафкунӣ Комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор таъсис ёфта, ба ноҳияи Тоҷикобод сафарбар гардид.

Дар натиҷаи фаъолияти фаврии гурӯҳҳои корӣ муайян гардид, ки бар асари заминларза дар 13 деҳаи ҷамоатҳои деҳоти Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод 474 оила бо 2 ҳазору 103 нафар ҳайати оила зарари ҷиддӣ дидаанд.

Бо супориши Пешвои миллат ба аҳолии зарардидаи деҳаҳоти  ноҳия  аз ҷониби  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ хайма, маводи хӯрокворӣ, беҳдоштӣ ва сӯзишворӣ дастрас карда шуд.

Инчунин ба минтақаи Рашт аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, тахта, арматура ва дигар масолеҳи зарурӣ  ҷудо карда шуда, дастраси зарардидагон  гардонда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баъди шиносоии пурра бо мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки ҳолати ба амаломада таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва барои ба ҷойҳои бехатар интиқол додани аҳолии осебпазир ва дар муҳлати муайян бо сифати баланд сохта, мавриди истифода қарор додани хонаҳои истиқоматӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2025 дода шуданд, ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расонидани кумак ба мардум ва бартараф намудани пайомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчӣ зудтар муайян карда шуда, корҳои  бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ  тақвият бахшида мешаванд.

 

Апрель 21, 2025 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад