Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар вилояти Хатлон бо корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид

Апрель 9, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел Сарвазири мамлакат Қоҳир  Расулзода зимни сафари корӣ  ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва тадбирҳои ободонию созандагӣ шинос шуда,  дар маросими  ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ иштирок  намуд.

Сарвазири Тоҷикистон нахуст бо рафти корҳои  сохтмони бинои меҳмонхона  дар кӯчаи марказии ноҳияи Данғара  шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар ноҳияи Данғара ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 100 иншооти таъйиноти гуногун корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар онҳо 4000 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.  Аз ҷумла, дар маркази ноҳия бунёди 2 меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 80 дарсади сохтмон дар бинои меҳмонхонаи панҷситорадор ба анҷом расидааст. Бино аз се қисм, 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 624 нафар пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкорон сохтмони бинои дигари меҳмонхонаи замонавӣ идома дорад.

Тибқи лоиҳа, ин бино аз 16 ошёна иборат буда, дар он барои қабули меҳмонон ва сайёҳон шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам оварда мешавад. Иншооти мазкур бо тарҳи замонавӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дарё 2015» сохта шуда, аз 258 ҳуҷраи хоб ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат аст.


Бояд таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва саҳми соҳибкорон марказ ва деҳоти ноҳия бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун ободу зебо гардида, шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар мешавад.  Ҳоло дар маркази ноҳия ғайр аз бунёди меҳмонхона сохтмони бинои  муассисаҳои нави таълимию кӯдакистон, театри миллӣ ва марказҳои муосири саломатӣ низ идома дорад.

Бинои муассисаи таълимӣ, ки дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкорон сохта мешавад, барои 3000 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар он 60 нафар машғули кор буда, талош доранд, ки корҳоро бо сифати баланд анҷом диҳанд.  Мувофиқи лоиҳа, бино сеошёна буда, дар он бунёди синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, толори варзишӣ ва ошхона ба нақша гирифта шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо саҳми соҳибкорон 12 мактаб, 11 муассисаи томактабӣ ва 5 маркази саломатӣ бунёд мегарданд.

Дар деҳоти Корез, Пушинг ва деҳаҳои дигари  дурдасти ноҳия бо мақсади беҳтарсозии сифати таълиму тарбия ва таъмини шароити хуби тиббӣ ба аҳолӣ сохтмони 3 маркази саломатӣ ва 5 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак вусъати тоза касб кардааст.

Дар деҳоти Корез сохтмони муассисаи томактабӣ барои 340 кӯдак ва маркази саломатию таваллудхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ идома  дорад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ бояд босифат анҷом ёфта, иншооти ҷашнӣ дар муҳлати муқарраргардида мавриди истифода қарор гиранд.

Сарвазири Тоҷикистон саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва ободии гӯшаву канори ноҳия махсус таъкид намуд.

Дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 4 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд. Мавриди ёдоварист, ки дар партави  сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат   мактабҳои миёнаи деҳаҳои Кулдоман ва Навбаҳор бо ду бинои иловагии таълимӣ барои  960 хонанда дар ду баст бунёд ва ифтитоҳ гардиданд.


Биноҳои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 20 синфхона, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерӣ мебошанд. Минбаъд хонандагони деҳаҳои Навбаҳору Кулдоман таҳсилро дар чунин биноҳои наву замонавӣ идома медиҳанд.

Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Тутиён бинои нави ҷамоат ба истифода дода шуд, ки он дуошёна буда, дорои маҷлисгоҳ ва  ҳуҷраҳои корӣ  мебошад.

Бинои ҷамоат аз ҳисоби сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бо сифати баланд сохта шудааст.

Ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ дар 48 иншоот идома доранд. Дар доираи сафар дар маркази ноҳия иншооти дигари ҷашнӣ – бинои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал мавриди истифода қарор гирифт.

Бино бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва маблағгузории Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам гардидааст. Бино дорои маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар инфрасохтори ёрирасон мебошад.

Дар робита ба ин Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки бунёди иншооти замонавӣ ва таъмини шароити хуби корӣ дар онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати мамлакат маҳсуб шуда, дар ин самт аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо сохтмони корхонаи қабул ва коркарди пахта дар деҳаи Тоҷикистон, корхонаи истеҳсоли асфалту бетон дар деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоб ва ҷараёни кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Бедилҷон-2015»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд.

Корхонаи қабул ва коркарди пахта дар деҳаи Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкор Шодӣ Раҷабзода  дар 1,05 гектар ба маблағи 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Корхона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд мегардад.

Иқтидори корхона дар як сол қабул ва коркарди 8000 тонна пахтаро ташкил медиҳад. Бо иқдому ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рушд намуда, бо бунёду мавриди истифода қарор додани иншооти нав ҳаҷми истеҳсол афзоиш ёфта, сокинон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Корхонаи истеҳсоли асфалту бетон дар деҳаи Сайроб бо ташаббуси соҳибкор Абдулазиз Ҷобиров дар 8,17 гектар ба маблағи 2 миллиону 519 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад. Иқтидори корхона дар як соат истеҳсоли 70 тонна асфалт ва 20 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад.

Хоҷагии деҳқонии «Бедилҷон-2015» дар ҳудуди заминҳои Ҷамоати деҳоти Панҷоб воқеъ буда, майдони умумии заминҳо 10 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагӣ соли равон дар 1 гектар маҳсулоти полезӣ, дар 1 гектар картошка, дар 2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар  6 гектар чигит кишт мекунад.

Сарвазири Тоҷикистон ба кишти пахта дар ин хоҷагӣ оғоз бахшида, ҳамзамон бо нашъу намои пиёзи барвақтӣ шинос шуд.  Аҳли заҳмати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар парвариш ва гирифтани ҳосили гуногуни зироат таҷрибаи бой доранд. Онҳо бо истифода аз рӯзҳои мусоид талош доранд майдони кишти баҳориро зиёд намуда, дар фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд.

Апрель 9, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти илмҳои гуманитарӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ конференсияи илмӣ доир шуд
12 апрел — Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон. Саҳми олимони Институти астрофизика дар таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ назаррас аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар доираи Ҳафтаи илм конференсия баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон» баргузор гардид
Вобаста ба ҳамкории илмӣ дар фазои АвруОсиё форуми байналмилалӣ доир шуд
Барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии омӯзгорон машварати озмоишӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода озмуни «Пайроҳаи таърих» оғоз ёфт
Дар ноҳияи Зафаробод Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид
Иштирокчиёни ҷаласаи Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мавзеъҳои таърихию сайёҳии Душанберо тамошо намуданд