Ширкати «IRS» 38 пулро навсозӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «IRS» дар дарозии роҳи Душанбе-Чанок, ки 358 километрро ташкил медиҳад, 38 пулро навсозӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали ин ширкат хабар доданд.
Ин роҳ аз 3 нақб («Майхӯра» — 897 метр, «Истиқлол» — 4998 метр, «Шаҳристон» -5253 метр), 24 галерея ва ҳамчунин 38 пул иборат буда, онҳо навсозӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар километри 267 — уми роҳи Душанбе-Чанок, ки соли 1962 сохта шуда буд, поя ва сутунҳои марказии корношоямгашта навсозӣ гардид.
Қабл аз ин «IRS» ду пули азими дигарро дар минтақаи Зарафшон бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ пурра навсозӣ карда буд.
Ширкати «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаи пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода мебарад. Ин омилҳо замина фароҳам оварданд, ки фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ ва масъулиятшиносию дастовардҳои кормандони он ба ҳама маълум гарданд.
АКС: Филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






