Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Роғунро паҳлавонҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон сазовор шуданд

Апрель 25, 2025 14:42

ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Роғун бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ҳузури беш аз даҳ ҳазор мухлисон ва ҳаводорони варзиш дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он паҳлавонони тоҷик Субҳиддин Халилзода, Ғазалшои Давлатшо, Суҳроб Муҳаммадов, Ҷаҳонгир Бобоев, Алӣ Боқиев, Ҳамроз Раҷабов, Набӣ Нуралӣ, Абдулло Лоиқов, Ҷумъахон Элмуродов, Ҳайдар Саидкабирзода, Бахтовар Бобохонов, Хурсанмурод Алиев, Раҳмоналӣ Азизов ва дигарон маҳорати баланд нишон доданд.

Ҳамчунин дар мусобиқа паҳлавонони Ҷумҳурии Узбекистон низ фаъолона иштирок намуданд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва соҳибкорони шаҳр баргузор гардид.

Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили ду Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои пулӣ, қолин, бузу гӯсфанд, гов, асп ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.

Барои Шоҳҷоизаи аввали Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Роғун ду паҳлавони шинохта — Субҳиддин Халилзода аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарҳад аз Ҷумҳурии Узбекистон рақобат намуданд. Дар ниҳоят Субҳиддин Халилзода бо партофти хеле зебо ҳарифашро мағлуб намуда, сазовори ин мукофоти олӣ гардид.

Барои Шоҳҷоизаи дуюми Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Роғун паҳлавони узбекистонӣ Зоҳид Ҳусайнов бо паҳлавони ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Бобоев рақобат карда, ғолиб омад ва соҳиби он гардид.

Дар Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Роғун ҳунару маҳорати паҳлавонони тоҷик Субҳиддин Халилзода аз шаҳри Роғун ва Алӣ Боқиев аз ноҳияи Рӯдакӣ аз дигар паҳлавонон беҳтар буд, зеро бар панҷ-шаш ҳарифашон ғолиб омада, сазовори ҷоизаҳои олӣ гардиданд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва соҳибкорони шаҳр ба Муҳиддин Асадуллоев- паҳлавони ҷавон, ки зодаи шаҳри Роғун мебошад, туҳфаи пулӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳам Субҳиддин Халилзода ва ҳам Муҳиддин Асадуллоев дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз намудҳои варзиши самбо ва гӯштини ҷудо фаъолона иштирок намуда, борҳо ба дастовардҳои назаррас сазовор гардидаанд.

Ба ифтихори ин паҳлавонҳо борҳо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шудааст.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2025 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад