Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он паҳлавонони тоҷик Ғазалшоҳи Давлатшо, Суҳроб Маҳмадиев, Рустам Хоҷаев, Исроил Раҳимов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Набӣ Нуралӣ, Зикрулло Шарифов, Ғаниҷон Мусохонов, Муҳаммадҷон Юсуфзода, Муқтадири Бобоҷон, Ёсин Бобокалонов, Умар Шеров, Хурсанкул Куганов ва дигарон маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифонашон ғолиб омаданд. Ҳамчунин паҳлавонони Ҷумҳурии Узбекистон низ дар мусобиқа иштирок намуданд.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони бонангу номуси ин ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили се Шоҳҷоиза — мошини сабукрав, маблағҳои калони пулӣ, қолин, бузу гӯсфанд, гов ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.
Барои Шоҳҷоизаи аввали Мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвон ду паҳлавони шинохта- Исроил аз ноҳияи Хуросон ва Бахтовар аз шахри Душанбе давоми як соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд. Аз ҷониби ташкилотчиёни мусобиқа ҳамин Шоҳҷоиза барои ду паҳлавони ҷавони тоҷик- Муҳаммадчон аз ноҳияи Темурмалик ва Икром аз ноҳияи Ёвон гузошта шуд. Дар ниҳоят Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо як партофти хеле зебо ҳарифашро мағлуб намуда, сазовори ин мукофоти олӣ гардид.
Шоҳҷоизаи дуюмро паҳлавони тоҷик Ғазалшои Давлатшо пас аз мағлуб намудани Яшар — пахлавони пурқувват ва шинохтаи Узбекистон сазовор гардид.
Ҳамчунин ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор низ мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) хеле ҷолиб баргузор гардид. Дар он паҳлавонони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев, Сайраҳмон Расулов, Қоим Шукронов, Ғаниҷон Мусохонов, Шаҳриёр Азизов, Муқтадири Бобоҷон, Умар Шеров ва дигарон маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифонашон ғолиб омаданд ва соҳиби ҷоизаҳои мусобиқа гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб маблағҳои калони пулӣ, телевизор, қолин, бузу гӯсфанд ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






