Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

11.04.2025, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати интихоб ва таъин шуданатон ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба шумо дар амалӣ намудани салоҳиятҳои пурмасъулиятатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалиро ба муносибати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода ва Алишер Мирзонаботро ба ҳайси муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданашон табрик мегӯям ва ба онҳо низ барори кор мехоҳам.
Маҷлиси миллӣ ба сифати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ менамояд, дар раванди ташкили мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои маъмурию ҳудудии давлат иштирок мекунад ва дар рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими давлат ва қонуният саҳми назаррас мегузорад.
Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои шинохташуда, бонуфуз, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки онҳо неруи зеҳнӣ, таҷрибаву малакаи худро дар ҷараёни қабули қонунҳои мукаммалу босифат, таҳкими низоми давлатдорӣ ва рушди ҷомеа мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бахусус, мехоҳам таъкид созам, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ бояд ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд, чунки аксарияти шумо дар минтақаҳо кору фаъолият доред ва ин таҷрибаро барои такмили қонунҳо бояд истифода баред.
Бинобар ин, бо дарназардошти таъмини ҳадафҳои рушди дарозмуддат ва баланд бардоштани некуаҳволии халқ бояд қонунҳое таҳия карда шаванд, ки барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният ва суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ободонии деҳот, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ равона шуда бошанд.
Бо ин мақсад, аъзои Маҷлиси миллӣ бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагон ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон бояд ҳамкории наздик ва доимӣ дошта бошанд, зеро қонунҳои мукаммал ва ҷавобгӯй ба манфиатҳои ҷомеа ва давлат танҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ таҳия карда мешаванд.
Қонунҳо, ҳамчунин, бояд бо дарназардошти стратегияву барномаҳо ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкориҳо бо дигар давлатҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда шаванд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, амнияту суботи сиёсӣ, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум масъалаҳои меҳварии сиёсати давлати Тоҷикистон мебошанд.
Бо татбиқи ин сиёсат мо давлат ва ҷомеаро ба самти рушди устувору бонизом равона карда, ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардидем.
Ман андешаҳои худро доир ба дастовардҳои солҳои охир ва роҳҳои пешрафти ояндаи кишвар дар Паёми соли гузашта изҳор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои навбатӣ дар назди ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузоштам.
Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи амалигардонии сиёсати созанда мо тавонистем, ки то имрӯз даҳҳо консепсия ва стратегияву барномаҳои давлатиро қабул ва роҳандозӣ карда, рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва кишварро аз таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем.
Аз ҷумла, дар доираи амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барномаю нақшаҳои мушаххаси рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, инчунин, барномаҳои рушди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодаанд.
Дар ин ҷода ба аъзои Маҷлиси миллӣ, хусусан раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии дурнамо ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд, саноатикунонии босуръати мамлакат, «иқтисоди сабз», рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои мухталифи он, гузариши пурра ба «ҳукумати электронӣ» ва пардохтҳои ғайринақдӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.
Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат вазифадоранд, ки масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани сифат ва шароити зиндагии аҳолии кишвар, ноилшавӣ ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ, гузариш ба модели иқтисодии ба саноат асосёфта, тақвияти ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, таъмини шаффофият ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеаро дар маркази фаъолияти худ қарор диҳанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳамаҷонибаи сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки барои ноил шудан ба дастовардҳои бештар ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда илова ба тадбирҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳарчи бештар таҳкиму тақвият додани заминаҳои ҳуқуқӣ зарур мебошад.
Зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ бо меъёри қонунҳо танзим карда мешаванд.
Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ҳангоми таҳия ва ҷонибдории қонунҳо заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди минтақаҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳаммият ва амалишаванда будани онҳоро низ аз мадди назар дур насозанд.
Нақши аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, дар иҷрои қонунҳо низ бояд муассир бошад, зеро аксари шумо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунед ва тибқи Конститутсия вазифадор ҳастед, ки иҷрои меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар маҳал таъмин намоед.
Ҳар яки шумо роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ мебошед.
Аз ин лиҳоз, шумо ба масъалаҳои зикргардида бояд аҳаммияти аввалиндараҷа дода, ба вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд муносибат намоед.
Узви Маҷлиси миллӣ будани шумо, чи аз ҷониби вакилони халқ интихоб шуда бошед ва чи аз тарафи Роҳбари давлат таъин гардида бошед, боиси ифтихор аст ва ҳар яки шуморо вазифадор месозад, ки ба халқ ва давлати Тоҷикистон содиқона ва софдилона хизмат кунед.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Имрӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр мураккабу печида ва душвору хатарзо гардидааст.
Мушкилоти глобалӣ ва мухолифатҳои геосиёсӣ аз ҷумла муборизаи давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим кардани дунё, сарватҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард» ва дар натиҷа халалдор гардидани тартиботи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ метавонад ба аҳли башар ва хусусан, барои давлатҳои хурд ва рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуш ва хатарнок ба бор оварад.
Илова бар ин, амалҳои террористиву экстремистӣ дар минтақаҳои мухталифи сайёра торафт бештар доман густурда, амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳоро халалдор карда истодаанд.
Ман андешаҳои худро доир ба ин мушкилот аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи гуногун борҳо баён кардам ва ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯшишҳои муштарак барои муқовимат ба ин хатарҳо даъват намудам.
Таҳлили равандҳои муосири ҷаҳон нишон медиҳад, ки чунин вазъият минбаъд низ идома пайдо мекунад ва ҳатто шадидтар мегардад.
Вазъи баамаломада моро вазифадор месозад, ки боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, давлат, миллат ва Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, барои пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоем.
Бо дарназардошти хатарҳои глобалии зикршуда ва ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем.
Ҳар яки мо дар кадом вазифае, ки хизмат накунем, дар навбати аввал, бояд иродаи мустаҳкам дошта бошем ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони соҳибихтиёр ба Ватан, миллат ва давлати худ содиқ бошем.
Таъкид менамоям, ки дар ин ҷода вакилони парламент, аз ҷумла аъзои Маҷиси миллӣ бояд пешсафу намуна бошанд.
Шумо бояд дар хотир дошта бошед, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда, пеш аз ҳама, аз шумо вобаста аст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Хотирнишон менамоям, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда моро зарур аст, ки ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла ноилшавии пурра ба истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини шуғли пурмаҳсулро амалӣ намоем.
Дар ин масъалаҳо нақши шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ, ки вазифаҳои масъулро дар маҳалҳо ба дӯш доред, бояд назаррас бошад.
Дар ин ҷода, хусусан, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд фаъолияти самаранокро роҳандозӣ намуда, бо мардум, алалхусус, бо соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҳамкориҳои судманд дошта бошанд, ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ ва сафи соҳибкоронро дар маҳалҳо ҳарчи бештар гардонанд.
Бояд таъкид кард, ки саноатикунонии босуръати кишвар омили муҳимми таъминкунандаи рушди устувори иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Танҳо дар соли 2024 дар кишвар 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо 20 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуданд.
Вале суръати рушди миёнасолонаи соҳа дар 5 соли охир 15 фоиз таъмин карда шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар нокифоя мебошад.
Аз ин лиҳоз, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати маъдан, сабук ва хӯроквориро таъмин намуда, ба ин васила ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҳалли масъалаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани содироти молу маҳсулоти тайёри ватанӣ бо арзиши баланди иловашуда роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза ва мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикргардида ба бозори истеъмолӣ зарур аст, ки тамоми имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар карда шаванд.
Бо дарназардошти афзоиши аҳолии мамлакат, барномаҳои рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, хусусан азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ бояд таҳия ва татбиқ карда шавад.
Барои самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.
Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, аз захираҳои фаровони табиии кишвар, махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда, аз заминҳои обӣ гирифтани се – чор ҳосилро васеъ ҷорӣ кунем ва дар ҳар як оила ташкил кардани захираи дусолаи маводи ғизоиро назорат намоем.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ҳоло Тоҷикистон дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорад.
Мо бояд ин ҷашни таърихиро дар сатҳи баланд ва бо иҷрои нақшаҳои пешбинигардида таҷлил намоем.
Бо иҷрои ин нақшаҳо мо ба дастовардҳои бузург ноил мегардем, ки барои ояндаи кишварамон, беҳбудии зиндагии халқамон ва ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти аҳолии кишварамон муҳим ва зарур мебошад.
Зарур аст, ки корҳои ободонӣ аз ҳар як оила сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат дода, иҷрои супоришҳои додашуда, аз ҷумла доир ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ дар муҳлати муқарраргардида таъмин карда шавад.
Инчунин, ба истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, аз ҷумла тавассути қабули қонуни нав дар бораи энергетика диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар ин самт аъзои Маҷлиси миллӣ, ки роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ мебошанд, ҷиҳати амалисозии сиёсати давлат ва Ҳукумат бояд содиқона хизмат намоянд.
Инчунин, бо мақсади вусъати бештари корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, ҳизбҳои сиёсиву ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд боз ҳам тавсеа бахшида шавад.
Нақши Маҷлиси миллӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар назаррас мебошад.
Бовар дорам, ки ҳайати нави Маҷлиси миллӣ бо истифода аз донишу таҷрибаи худ дар ин самт кӯшиши бештар анҷом медиҳад.
Дар ин ҷода, аъзои Маҷлиси миллӣ, хусусан, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони дигар сохтору муассисаҳо, бо дарназардошти масъалаҳои мавҷуда, ҷиҳати ҳалли онҳо ва дигар мушкилоти зиндагии мардум бояд фаъолона талош намоянд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ – онҳое, ки роҳбарии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба зимма доранд, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон бояд саҳмгузор ва ташаббускор бошанд.
Бовар дорам, ки шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва саъю талоши худро дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии давлатамон равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафту ободии Ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расонидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред.
Роҳбарияти нави Маҷлиси миллӣ – Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд, дар ин ҷода масъулияти ниҳоят муҳим доранд ва вазифадоранд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, махсусан, дар ободу зебо гардонидани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе пешсафу ташаббускор бошанд.
Бори дигар хотиррасон месозам, ки шумо бояд, пеш аз ҳама, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ намунаи ибрат бошед.
Дар ин роҳи пуршараф ба ҳар яки шумо барору комёбӣ орзу менамоям.
Сиҳатманду сарбаланд бошед!