Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Air Dynamics Solutions» дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ ва имтиёзҳои фароҳамшуда барои сармоягузорони хориҷӣ дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо директори генералӣ ва раиси Шурои директорони ширкати «Air Dynamics Solutions», ки яке аз ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои ҳавопаймоӣ мебошад, қарор гирифт.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон барои таъмини муҳити устувори иқтисодӣ ва дастгирии сармоягузорони хориҷӣ якчанд ташаббус ва ислоҳотро амалӣ намудааст.
Роҳбарияти ширкати «Air Dynamics Solutions» таваҷҷуҳи худро нисбат ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баён дошта, эҳтимоли ташкили корхонаҳои муштарак, интиқоли технология ва рушди иқтидори маҳаллиро матраҳ намуд.
Ин мулоқот дар самти ҷалби сармоягузории босифат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






