ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, чоршанбе, 99-умин рӯзи соли 2025 аст

Апрель 9, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 2001 нишасти аввалини Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо баррасӣ гардиданд.

***

9 апрели соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени олимпии Шурои Осиё сарфароз гардиданд.

***

9 апрели соли 2010 дар  Москва  нахустин маротиба   дар таърихи Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  маросими  супоридани  ҷоизаи   байнидавлатии  «Ситораҳои  Иттиҳод»  баргузор  гардид, ки  дар он олими  маъруфи  ситорашиноси  Тоҷикистон  Пӯлод  Бобоҷонов  дар  бахши  «Илм ва  маориф»  ба  ин  ҷоиза сазовор  дониста шуд.

***

9 апрели соли 2011 дар Тоҷикистон сохтори нави СММ- UN WOMEN ( занҳо)  рӯнамоӣ  шуд.

***

9 апрели соли 2012 зимни баргузории  Бозиҳои интихобии Осиё барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон-2012 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон  чемпиони  Тоҷикистон дар соли 2012 дар риштаи бокс Собирҷон Назаров бар ҳарифонаш ғолиб омада, дар вазни 57 кг сазовори роҳхати олимпии Лондон-2012 гардид.

***

9 апрели соли 2013 сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия  оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфтанд.

***

9 апрели  соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо котиби генералии НАТО Андерсон  Фог Расмуссен мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

9 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти самимиву созанда анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Душанбе даври сеюми музокироти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта баргузор гардид.

***

9 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

***

9 апрели соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир-пласт» оғоз бахшиданд. Инчунин дар ин ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии «Мусаффо»-ро ва корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

9 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли «Ванадий»-и Коргоҳи фаръии «Истеҳсоли гидрометаллургӣ»  пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ бо хати истеҳсолӣ шинос шуданд.

9 АПРЕЛ:

Рӯзи осорхонаҳо дар Нидерланд.

***

Рӯзи забони финӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Рафиқа Мусоева -соли 1953— ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Апрель 9, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш